Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 22 мутахассисро ба Корея фиристодааст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки 22 нафар - мутахассисони соҳаи кишоварзиро рӯзи 10-уми октябр ба Кореяи Ҷанубӣ барои кор фиристодааст. Ба иттиллои расмии ин вазорат, 78 нафар номнавис шуда, мувофиқи талаботи корфармои кореягӣ, 58 нафар соҳиби раводиди ин кишвар шудаанд.

Дар марҳилаи аввал 22 нафар шаҳрвандон рӯзи 10-уми октябр ва баъдан, 36 нафар рӯзи 16-уми октябр тавассути хатсайри Тошканд–Сеул ба Корея ба кор мераванд.

Мақомоти тоҷик ҳанӯз даҳ соли пеш гуфта буданд, ки ба хотири рангоранг кардани самти кори шаҳрвандони Тоҷикистон ва фирор аз вобастагии танҳо бозори кори Русия, инчунин ба Кореяи Ҷанубӣ ҳам пешниҳоди худро дар ин замина ирсол карда буданд.

Афроде, ки алакай дар ин кишвари осиёии дур аз Тоҷикистон муҳоҷири корӣ шудаанд, аз маоши нағзу шароити хуби кор ситоиш мекунанд, аммо мегӯянд, ғайриқонунӣ кор кардан дар ин ҷо низ мисли Русияву дигар кишварҳо хатарнок аст.

XS
SM
MD
LG