Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарс аз талоқи шавҳар занеро дар Хатлон ба кӯдакдуздӣ водор кардааст


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри наворе гуфт, зан аз тарси талоқи шавҳар навзодро дуздидааст.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри наворе гуфт, зан аз тарси талоқи шавҳар навзодро дуздидааст.

Зани гумонбар ба дуздии як навзод аз таваллудхонае дар Хатлон гуфтааст, таҳдиди талоқ аз шавҳар ӯро маҷбур кард, ки ба чунин амал даст занад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як навор ҷузъиёти ҳодисаи кӯдакдуздӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро шарҳ дод. Ба иттилои мақомот, зани 43-солаи сокини ин ноҳия шаби 23 -юми сентябр аз тариқи тиреза вориди бинои таваллудхона шуда, тифли навзоди як сокини дигари ҳамин ноҳияро рабудааст.

Мақомоот гуфтаанд, ки шавҳари муҳоҷири зан таҳдид карда будааст, ки агар ӯ соҳиби фарзанд нашавад, талоқаш хоҳад дод. Ин зан гуфтааст, баъди таваллуди як фарзанд дигар ҳомиладор нашуд ва шавҳари муҳоҷираш қасд дошт, аз ӯ ҷудо шавад. Зан гуфтааст, худро чанд моҳ ҳомиладор вонамуд карда, баъди рабудани тифл ба шавҳару наздиконаш аз таваллуди кӯдак хабар додааст. Назару мавқеи зани боздоштшуда ва пайвандонаш маълум нест.

Додситонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар робита ба ин қазия бо модаи 130 қисми 2, яъне “Одамрабоӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Ин банди қонун аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, вале қонунҳои Тоҷикистон ҳолатҳои истисноӣ низ пешбинӣ мекунанд, ки бо дарназардошти кӯдаки ноболиғ доштан имкон дорад, ин зан озод шавад.

Ин ҳодиса ҷиддӣ будани мушкили бефарзандӣ ё камфарзандӣ дар Тоҷикистонро ба намоиш гузошт. Дар аксар ҳолат дар Тоҷикистон бефарзандӣ боиси аз ҳампошии ҷуфтҳо мегардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG