Рӯзи 14-уми ноябр дар Додгоҳи олии Тоҷикистон мурофиаи Рустам Саидаҳмадзода - додраси собиқи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шурӯъ шуд, ки бо "ҳукмҳои сафед"-аш машҳур аст.
Саидаҳмадзодаро бар асоси чор моддаи Кодекси ҷиноӣ, яъне “Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ”, “Ғайриқонунӣ баровардани ҳукм”, “Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ” ва “Қаллобӣ” ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Худи ӯ, ҳамаи онҳоро беасос номида рад кардааст.
Рустам Саидаҳмадзодаро рӯзи 29-уми июн дар Душанбе дастгир ва ба ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
Номи ӯ соле пеш ва баъди онки як сокини вилояти Суғдро дар муҳокима бегуноҳ эълон кард, дар сархати расонаҳо қарор гирифт. Дар Тоҷикистон, ки мақомот додгоҳҳоро озоду мустақил мешуморанд, аммо созмонҳои байнулмилалӣ пойбанди ҳукумат медонанд, "ҳукми сафед" хеле кам содир мешавад.
Ба дунболи боздошти Саидаҳмадзода дар моҳи июл котибаи ӯ Азиза Ҳайдарова, боздошт шуда ва дар нисбати ӯ парванда бо иттиҳоми қаллобӣ боз карда шуд ва тавре Барно Ҳайдарова, модари Азиза рузи 14 ноябр ба Радиои озодӣ гуфт дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд мурофиаи ӯ идома дорад.Вале рузноманигоронро иҷоза намедиҳанд вориди толор шаванд.
Ӯ дар як суҳбати видеоӣ афзуд, духтараш ҳеч кори хато ё қонуншиканӣ накардааст ва иддао дорад, ки муфаттишон аз ин роҳ маҷбур кардаанд, ба зидди Саидаҳмадзода шаҳодат бидиҳад.
Дар Тоҷикистон беш аз чаҳорсад додрас фаъоланд. Дар даҳ соли охир тақрибан сӣ нафари онҳо ба иттиҳоми "кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад", аз мансаб рондаву дастгир ва ба зиндон маҳкум шудаанд. Мақомот ошкоро намегӯянд, ки додрасҳо чӣ гуноҳ кардаанд, аммо баъзе аз манобеъ қазияи онҳоро бештар ба ришваситонӣ пайванд медиҳанд.
Гуфтугӯ