Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми шахсе, ки муҳокимаашро дар Хоруғ "говсуд" номид, бетағйир монд


Тоҳир Абдолбеков
Тоҳир Абдолбеков

Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳукми як хешованди фаъоли зиндонӣ Ораз Вазирбековро бетағйир гузошт.

Баррасии шикояти Тоҳир Абдолбеков, раиси собиқи Идораи коммуналии Хоруғ ва узви пешини Маҷлиси ВМКБ, рӯзи 15-уми март паси дарҳои баста гузашт.

Додгоҳи шаҳри Хоруғ ӯро дар моҳи декабри соли гузашта ба гуноҳи "тундгароӣ" ва "истеҳсолу нигоҳдорӣ, интиқоли мол ва маҳсулоте, ки ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ нест" ба шашуним сол зиндон маҳкум кард.

Наздиконаш розӣ нестанд. Худаш дар ҷараёни тафтиш ва баррасии парванда ҳамагуна иттиҳомро беасос дониста, муҳокимаашро "говсуд" номидааст.

Яке аз пайвандони Тоҳир Абдолбеков бе зикри номаш рӯзи 17-уми март ба Радиои Озодӣ гуфт, "тамоми ҳуҷҷатҳоро барои исботи бегуноҳии ӯ пешниҳод кардем, вале натанҳо озод нашуд, балки давраи адои ҷазоро поин наоварданд."

Вай афзуд, наздикон ба мурофиа роҳ наёфтанд. Танҳо вакили мудофеъ ҳузур доштааст.

Намояндагони Додгоҳи вилояти Бадахшон шарҳ надоданд.

Тоҳир Абдолбеков, язна (шавҳари хоҳар)-и Ораз Вазирбеков, фаъоли бадахшонӣ ва соҳиби чанд дӯкон дар Хоруғ аст.

Додгоҳи шаҳри Душанбе худи Вазирбековро, ки дар шароити мармуз аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, дар аввали моҳи ноябри соли 2022 ба 16 сол зиндон маҳкум кард.

Боздошт ва ба зиндон андохтани фаъолони маданӣ аз Бадахшон ва наздиконашон баъд аз моҳи майи имсол оғоз ёфт. Пас аз он ки дар ноҳияи Рӯшон мардум як роҳеро бастанд ва эътироз карданд. Дар натиҷаи истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургарон даҳҳо нафар кушта шуд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои боздошту ҳукмҳои тӯлонии фаъолони маданӣ ва хабарнигорон борҳо танқид карданд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар моҳи августи соли гузашта аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ба муҳокимаҳои “ноодилонаи сокинони Бадахшон поён дода, боздоштҳои ғайриқонунии онҳоро бас кунад.” Намояндагони ҳукумат онҳоро узви “гуруҳҳои ҷиноӣ” ва “ҳамкорони созмонҳои мамнуъ” ном мебаранд.

XS
SM
MD
LG