Як созмони ҳомии озодии сухан мегӯяд, вазъи хабарнигорон ва матбуот дар Тоҷикистон дар соли 2023 бисёр бад шудааст.
Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Border), ки дар Фаронса қароргоҳ дорад, рӯзи 3-юми май бо нашри Шохис (Индекс)-и Озодии Матбуот Тоҷикистонро дар қатори кишварҳое ҷой додааст, ки аҳволи матбуоташон “бисёр бад” аст.
Соли 2022 Тоҷикистон дар ин шохис аз ҷумлаи кишварҳое ба ҳисоб мерафт, ки вазъи матбуоташон “душвор” номида мешуд.
Дар кишвар танҳо дар як соли гузашта 7 хабарнигорро ба зиндон маҳкум карданд. Хабарнигори дигар, Хуршед Фозилов, дар боздошт аст.
Мақомот хабарнигорони зиндиониро ба ҳамкорӣ бо созмонҳои мамнуъ гунаҳкор карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ин афрод фақат барои корашон, яъне инъикоси воқеият паси панҷара рафтаанд, на чизи дигар.
Жанна Кавелйе, мудири бахши Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар созмони Гузоришгарони Бидуни Марз рӯзи 3-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, аз миёни 180 кишвар Тоҷикистон дар ҷойгоҳи 153-юм аст: "Холҳои кишвар аз рӯйи меъёрҳои вазъи амниятӣ ва иҷтимоӣ поин омад. Дар шарқи кишвар, дар ҷойи зисти мардуми Помир, шоҳиди эътирозҳо будем, ки бо шеваи хушунатомез саркӯб шуд ва даҳҳо қурбонӣ дошт."
Хонум Кавелйе афзуд, мақомот монеи бозтоби ин ҳодиса шуданд.
"Чанд журналисте, ки хостанд дар Тоҷикистон корҳои таҳқиқотӣ ё мақомотро танқид кунанд, бо хатари озори ҷисмӣ, ҳамла, таҳдид ва ҳатто ҳабс рӯбарӯ шуданд. Барои ҷиноятҳои сохта ба зиндон андохта шуданд. Онҳоро ҳатто зери шиканҷа ба эътирофи гуноҳ маҷбур карда, ҳукмҳои тӯлонӣ доданд. Гузоришгарони Бидуни Марз чунин тарзи саркӯби матбуотро маҳкум ва озодии Абдулло Ғурбатӣ, Далери Имомалӣ ва дигар журналистони зиндониро талаб мекунад," -- хулоса кард Жанна Кавелйе.
Гуфтугӯ