Кумитаи андози Тоҷикистон даҳҳо нафар аз сарояндагон ва дигар ҳунарпешагонро ба насупурдани молиёт ва ё фирор аз пардохти он муттаҳам кардааст.
“Боҷу хироҷ”, нашрияи расмии кумита дар шумораи тозааш аз рӯзи 15-уми июн ному насаби бештар аз 80 сарояндаи шинохтаву начандон ошно дар Тоҷикистонро нашр кардааст, ки ба гуфтаи кумита ё бе сабти расмӣ фаъолият мекунанд ё молиёти давлатро саривақт ва пурра намепардозанд.
Дар феҳраст, номи Фарзонаи Хуршед, Мубориз Усмонов, Зафар Аюбов, Муҳаммадрафии Кароматулло, Нобовар Чиноров, Зикриоллоҳ Ҳакимов, Суруш Холов низ ҳастанд.
Ба гуфтаи кумитаи андоз, сарояндагони тоҷик дар маҷмуъ то кунун бештар аз 480 ҳазор сомонӣ молиёт напардохтаанд.
Вокуниши сарояндагони тоҷик, ҳанӯз ба ин иддао маълум нест, вале дар гузашта онҳо гуфтаанд, ки иттиҳоми кумитаи андоз беасос аст ва онҳо саривақт андози давлатро мепардозанд.