Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ашӯров Рустам Каримович кист?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Изҳороти фаврӣ, аммо кӯтоҳи Додситонии кулли Тоҷикистон дар бораи боздошти яке аз гумонзадҳо ба рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси "Ориёнбонк", якбора чанд суолро ба миён овард.

Аввалан, бар хилофи рафтори пешинаи мақомот, ки ҳамеша дер вокуниш мекунанд ё хомӯширо авло медонанд, Додситонии кул шаби 30-юми июн баъд аз эълони хабарҳо дар бораи тирандозии як шаҳрванди Тоҷикистон дар Фурудгоҳи пойтахти Молдова билофосила эъломия пахш кард.

Дар он гуфта шудааст, ки шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон Ашӯров Рустам Каримович ном дорад, соли таваллудаш 1980 аст ва сокини шаҳри Душанбе.

Масъулони Додситонии кул ӯро узви гуруҳе донистаанд, ки рӯзи 23-юми июни имсол муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси "Ориёнбонк"-ро рабудааст. Беш аз як ҳафта боз аз Шӯҳрат Исматуллоев ному нишоне нест.

Кӯшиши Радиои Озодӣ барои дастрас кардани маълумоти кофӣ дар бораи Ашӯров Рустам Каримович идома дорад. То ин дам маълум гашт, ки шахсе ба ҳамин ному насаб, соли таваллуд ва аз шаҳри Душанбе моҳи июни соли 2012 дастгир ва соли 2018 зиндонӣ шудааст.

Он замон Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар амалиёте бо иштироки нерӯҳои амниятӣ Ашӯров Рустам Каримович, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ва Қутбиддин Содиқов, соли таваллудаш 1975, сокини ҷамоати Қиблаии ноҳияи Рӯдакиро ба гумони ҳамла ба саррофон ва дуздии 100 ҳазор доллар боздошт карданд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи пешини вазорат гуфта буд, ки аз Рустам Ашӯров ду таппончаи “Макаров” бо ҳафт тир ва 15 ҳазор доллари амрикоӣ ва аз Қутбиддин Содиқов 395 ҳазор рубли русӣ ҳамчун далел гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ моҳи ноябри соли 2018 онҳоро ба 13-солии зиндон маҳкум кард.

Маълум нест, Ашӯров Рустам Каримович, соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи Душанбе, ки Додситонии кул аз боздошташ хабар дод, ҳамин шахс аст ё тасодуф шудааст. Агар ҳа, пас, кай ва чӣ гуна аз зиндон озод шуда. Бар асоси ҳукм ҳоло ин шахс мебоист дар маҳбас мебуд.

Ҳамчунин агар мақомот ӯро гумонбар медонистанду аз паяш буданд, чӣ гуна тавонистааст аз кишвар ба Туркия ва аз онҷо ба Молдова биравад?

Шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон рӯзи 30-юми июн, пас аз он ки барои даромадан ба ҳудуди Молдова посухи рад гирифт, бо мусодираи силоҳи маъмури фурудгоҳ ду касро кушт ва як мусофирро захмӣ кард.

Мақомоти Молдова мегӯянд, худи Рустам Ашӯров ҳангоми амалиёти боздошт дар Фурудгоҳи Байнулмилалии Кишинёв маҷруҳ шуд ва бистарист.

Ион Мунтяну, иҷрокунандаи вазифаи додситони кулли Молдова, рӯзи 1-уми июл гуфт, Рустам Ашӯровро дар Молдова муҳокима хоҳанд кард. Ба ӯ ҳабси абад таҳдид мекунад. Додситон гуфт, ҳама чиз зуд рух дод ва аз рӯйи ҳаракатҳо шаҳрванди Тоҷикистон “омодагии хуб” дошт.

Хабаргузории “Ассошиэйтед Пресс” рӯзи якуми июл аз қавли сардори пулиси Молдова Виорел Сернаутену навишт, ки "пайванди Рустам Ашӯров бо сохторҳои низомӣ ё ниманизомӣ вуҷуд надорад ва номаш дар ягон низоми кофтукови байнулмилалӣ сабт нашудааст".

Сардори пулис Виорел Сернаутену ба хабарнигорон гуфтааст, мақомоти Молдова дар бораи гузаштаи гумонбар иттилоъ надоштанд: "Танҳо пас аз ҳодиса дар фурудгоҳ... бо мақомоти Тоҷикистон тамос гирифтем. Баъд ба мо гуфтанд, ки ӯ “қаҳрамон”-и як парванда аст."

Дар айни замон гуфта нашудааст, ки чаро маъмурони марзбонии Молдова ба ӯ шубҳа карданд ва монеи даромаданаш ба қаламрави ин кишвар шуданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG