Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садама дар Кӯлоб тӯйхонаро ба мотамхона табдил дод. АКС


Пайомадҳои садама
Пайомадҳои садама

Радиои Озодӣ дар бораи садамаи мудҳиши шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб, ҷузъиёти бештар пайдо кард. Тибқи иттилои ахир, теъдоди қурбониёни ҳодиса ба 11 нафар расидааст. Яке аз захмиён имрӯз 7-уми август дар бемористон даргузашт. Аз қурбониёни ҳодиса се нафарашон занони аз 49 то 59-сола, як ноболиғи 14 ва боқимонда ҷавонони то 26-сола ҳастанд. Дар ин ҳодиса 10 каси дигар захмӣ шудаанд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, сабабгори садама Шуҳратҷон Эргашов, ронандаи 37-солаи мошини борбари "Дулан" ҳам дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Эргашов зодаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекардааст. Дар Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи минтақаи Кӯлоб гуфтанд, "Дулан"-е, ки ба садама дучор шуд, пур аз молҳои канселярӣ будааст.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо дар мақомоти маҳаллии шаҳри Кӯлоб, дар миёни қурбониёни ҳодиса чанд нафарашон сокинони манзиле буданд, ки як рӯз пеш аз ҳодиса тӯй доштанд.

“Рӯзи шанбе тӯйро гузаронданд ва якшанбе маросими рӯйбинон мегузаронданд. Баъди ин маросим бояд охирон меҳмонон мерафтанд. Дар ҳамин вақт мошини “Дулан” омада ба хона бармехӯрад ва се нафар дар он хона мурданд,”-гуфт як манбаи Радиои Озодӣ дар мақомоти Кӯлоб.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси ҷавоне нашр шуд, ки ба гуфтаи сокинон дар рӯзи тӯяш қурбони садама шуд. Аммо ҳамсуҳбатони мо дар мақомоти шаҳри Кӯлоб ин иттилоъро тасдиқ накарданд.

Бархе манобеъ дар Беморхонаи ёрии таъҷилии Кӯлоб шаби гузашта шумори қурбониёни ин ҳодисаро бештар гуфта буданд. Дар ҳоле, ки мақомот шумораи қурбониёнро 11 нафар мегӯянд, ҳамсуҳбатони мо дар Беморхонаии ёрии таъҷилии Кӯлоб фавтидагонро 14 нафар гуфтанд.

Тибқи иттилои расмӣ, ҳодиса соати 19:30-и 6-уми август дар шоҳроҳи "Душанбе-Кулоб-Хоруғ", воқеъ дар кӯчаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб рух додааст. Бар асоси хабари ВКД, мошини боркаши тамғаи “Дулан”, ки аз пушт ядак (прицеп) доштааст, бинобар аз кор мондани "тормоз" ба садама дучор шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, мошини боркаш аз нишебии самти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо суръати баланд поён шуда, дар назди бозори "Сомонӣ"-и Кӯлоб ба самти муқобили роҳ ҳаракат карда, чандин мошинро пахш карда, ду манзили зистро тахриб кардааст.

То бозори “Сомонӣ”-и Кӯлоб мошинҳои боркаш тақрибан 20 километр аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарнишеб меоянд. Дар гузашта ҳодисаи шабеҳи инро мақомот аз кор боз мондани “тормоз”-и мошин бар асари бетанаффус поён шудан ва бори аз меъёр бештар бор кардан дар мошинҳои боркаш гуфта буданд. Аз тариқи ин роҳ бо мошинҳои боркаш бештар аз Чин молу маҳсулот ворид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG