Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дарахт ҷонамро харид." Сафиаллоҳи 7-сола чӣ гуна аз сел наҷот ёфт? ВИДЕО


Сафиаллоҳи ҳафтсола ба таври муъҷизаосо аз сели маргбор наҷот ёфт
Сафиаллоҳи ҳафтсола ба таври муъҷизаосо аз сели маргбор наҷот ёфт

Сафиаллоҳ Мирзозодаи ҳафтсола, ки аз сели маргбор дар шаҳри Ваҳдат ба таври муъҷизаосо наҷот ёфт, ҳоло дар бемористон аст.

Навори пайдо шудани ӯ аз зери селу лойоба дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи бисёриҳоро ба худ кашид. Сафиаллоҳ он шабро чунин ба ёд овард: "Чашмонам кушода буд, бо шикам дар дарахт дармондам."

Селе, ки шаби 27-уми августи имсол дар деҳаи Чӯянгарони Ваҳдат омад, Сафиаллоҳ Мирзозода, модарбузургаш ва 3 кӯдаки дигарро ба коми худ кашид.

Ҳалима Абдураҳмонова, модарбузурги Сафиаллоҳ, мегӯяд, "ҳамаамон дар хона будем. Аз болои девор ба хонаи ҳамсоя рафтем. Сел омад. Об кӯдаконро бурду маро аз пушти онҳо."

Бибӣ бо ду набера, аз ҷумла Сафиаллоҳ зинда монд, ду тифли дигари хонадонро сел бо худ бурд. Ҷасади бародарони 6 ва 7-соларо дафн карданд. Онҳо набераҳои духтарии Ҳалима Абдураҳмонова буданд ва, ба гуфтаи бибӣ, 4 соли охир аз модари муҳоҷирашон ҷудо ва дар зери тарбияи ӯ буданд.

"Зорӣ мекардам, ки Худованд амонатиҳоро нигаҳ бидорад. Гоҳ об хӯрдам, гаҳ тоб хӯрдам, гоҳ задам, ҳама ҷоям лат хӯрд. Кӯдакон ҷони маро хариданду ҷони худашонро дода рафтанд," --- гуфт ӯ.

Сафиаллоҳ Мирзозода он шаб аз даҳшати сел наҷот ёфт, аммо волидон аз ҳолати рӯҳии ӯ нигаронанд. Ҳоло дигар бачаи шӯху нотарс нест.

Моҳсанам Каримзода, модари Сафиаллоҳ, мегӯяд, "тарсидааст, гапзанияш нағз нест. Дигар хубу бурро гап намезанад. Хешовандон меоянд, аз гап задан метарсад. Шаб боз хоб дидаст, тарсид."

Шабе, ки хона ва деҳаи оилаи Сафиаллоҳ зери сел монд, ҳамроҳи ӯ 7 нафари дигарро ба бемористон оварданд. Пизишкон мегӯянд, ҳамаи онҳо пурра шифо ёфта, ба хонаҳояшон баргаштанд. Вазъи Сафиаллоҳро қаноатбахш мегӯянд.

Қудратулло Гулшоев, мудири шуъбаи шикастабандии беморхонаи марказии Ваҳдат, гуфт, "ҳолати умумии беморро ба назар гирифта, дар шуъбаи эҳёгарии кӯдакона хобондем. Ҳамаи захмҳояшро тоза кардем. Айни замон ҳолати бемор беҳтар аст, табобати заруриро мегирад."

Сели шаби 27-уми август сокинони Тоҷикистон, бахусус ноҳияҳои тобеи марказро ғофилгир кард. Дар ин ҳодисаи табиӣ даҳҳо нафар аз хонаву нақлиёти худ маҳрум шуда, ҳоло ба кумак ниёз доранд.

Шумораи қурбониёни сел ва боронгариҳои он шабро мақомот расман 21 нафар гуфтанд, аммо баъзе аз расонаҳо ва корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз фавт ва бедарак шудани одамон дар минтақаҳои дигар ҳам хабар медиҳанд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Наҷоти муъҷизавии Сафиаллоҳи ҳафтсола аз сели маргбори дараи Ромит
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:21 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG