Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Рамазон Қодиров раҳбари муҳофизони падараш шуд


Одам Қодиров, писари Рамазон Қодиров
Одам Қодиров, писари Рамазон Қодиров

Одам, писари 15-солаи Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон сардори шӯъбаи муҳофизони падараш таъин шудааст.

Дар ин бора Аҳмад Дудаев ва Одам Делимхонов, ду мақомдори наздик ба Қодиров хабар доданд.

Рӯзи 6-уми октябр Одам Қодиров унвони Қаҳрамони Чеченистонро гирифт.

Охири моҳи сентябр Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар Телеграм навореро нашр кард, ки дар он писараш дар боздоштгоҳ Никита Журавелро мезанад. Ин ҷавон ба сӯзонидани китоби Қуръон муттаҳам мешавад ва боздошт шудааст. Қодиров писарашро барои ин кор тавсиф карда буд.

Сиёсатшиносон бар ин назаранд, ки зоҳиран Рамазон Қодиров писарашро барои вориси худаш шудан дар Чеченистон омода дорад.

Чеченистон як ҷумҳурии Русия аст, ки аксари аҳолиаш мусалмон мебошанд. Аз соли 2003 то кунун ин ҷумҳуриро Рамазон Қодиров идора мекунад, ки бо сиёсатҳои зиддиқонуниаш маъруф аст.

XS
SM
MD
LG