Шабакаи “Азда ТВ”, қароргоҳаш дар Лаҳистон, рӯзи 13-уми декабр навишт, ки шаҳрванди Тоҷикистонро нерӯҳои марзбонӣ ва амнияти дохилии Лаҳистон тайи як амалиёт дастгир кардаанд. Ихроҷи ӯ рӯзи даҳуми декабр сурат гирифтааст.
Мақомоти Лаҳистон дар моҳи июни имсол Сорбон Абдураҳимзода, шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистонро ихроҷ (депортатсия) карда буд.
Аз соли 2015 ба ин тараф гуруҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва ё таъқибу азияти афзун дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд.
Кишварҳои аврупоӣ аризаи на ҳамаи онҳоро мепазиранд, ҳарчанд то ҳоло чанд ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҷо мақоми паноҳандаи сиёсӣ гирифтаанд.
То кунун чанд мавриди ихроҷ ва дар Тоҷикистон зиндонӣ шудани баъзе аз паноҳҷӯён расонаӣ шудааст. Мақомоти Олмон дар моҳи ноябри имсол Билол Қурбоналиев, узви боздоштшудаи "Гуруҳи 24"-ро ба Душанбе истирдод карданд. Қурбоналиев моҳи октябри имсол барои нақзи қоидаҳои иқомат дар Олмон дастгир шуда буд.
Ҳизбулло Шовализода, як узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ, соли 2020 аз Австрия ба Тоҷикистон истирдод ва ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Мақомоти Олмон дар моҳи январи имсол Абдуллоҳи Шамсиддин, писари яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба Душанбе фиристоданд. Ба хабари Дидбони Ҳуқуқи Башар, ӯ ба ҳафт сол зиндон маҳкум шудааст.