Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабр гуфт, ҳар сол аз кишварҳои дигар “тобути садҳо” муҳоҷирро ба Тоҷикистон меоранд. “Онҳо барои пайдо кардани ризқу рӯзӣ рафтаанд, мо, роҳбарон, аз боло то поён фақат фикри нафси бади худро дорем,” – гуфт ӯ.
Сӯҳроб Зафар, раиси “Гурӯҳи 24”, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, “ба самимияти ин ҳарфҳо шак мекунам. Шояд саҳван бошад, ки гуфт, аз поён то боло ҳамаи масъулон дар фикри нафси худ ҳастанд.”
“То ҳол раиси ҷумҳурӣ дар бораи таҷовузи Русия ба хоки Украина, ки шаҳрвандони зиёди моро маҷбурӣ сафарбару истифода мекунанд, чизе нагуфтааст. Масъулони дигар ҳам хомӯшанд. Гуё чизеро намебинанду намешунаванд. Тақрибан ҳар рӯз ҷасади ҳамватанҳои мо аз майдони ҷанг ба кишвар интиқол дода мешавад. Аз ин рӯ, ман ба самимӣ будани ҳарфҳо дар мавриди тобути муҳоҷирон шак дорам,” – афзуд ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Паймони Миллӣ, эътилофи чор созмони мухолиф, мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон талош кард, “бо истифода аз ҷобаҷогузории рақамҳо ва муқоисаи вазъи имрӯза бо солҳои ҷанг ё ҳатто даврони Шӯравӣ ин тасаввурро ба вуҷуд биорад, ки гуё Тоҷикистон дар ҳама самтҳо пеш меравад.”
“Ӯ дар ҳама пешрафтҳои кишвар саҳми худро мебинад, вале дар тамоми мушкилоту камбудҳо дигаронро гунаҳкор мекунад. Ҳатто, масалан, дар қазияи муҳоҷирон, ки яке аз масъалаҳои доғтарини ҷомеаи мост, фақат бо ин иктифо мекунад, ки “ман аз мушкилоти муҳоҷирон огоҳ ҳастам”. Хуб, аз мушкилоти муҳоҷирони тоҷик ҳамаи дунё огоҳ аст. Наметавонад, ки президент огоҳ набошад. Ба ин суол ҷавоб намегӯяд, ки барои бозгардондани муҳоҷирони тоҷик ба ватан чӣ барнома дорад,” – шарҳ дод ӯ.
Гуфтугӯ