Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

120 бор ва 22 дақиқа кафкӯбӣ барои президент. Ташбеҳи Тоҷикистон ба Кореяи Шимолӣ. ВИДЕО


Дар паёме, ки тақрибан 3 соату 10 дақиқа идома кард, беш аз 22 дақиқа каф кӯфтаанд
Дар паёме, ки тақрибан 3 соату 10 дақиқа идома кард, беш аз 22 дақиқа каф кӯфтаанд

Бештар аз 22 дақиқаи паёми солонаи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуму вакилон бо кафкӯбӣ гузаштааст.

Ҳозирони нишаст ҳангоми суханронии Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 28-уми декабр баргузор шуд ва тақрибан 3 соату 10 дақиқа идома кард, 120 бор дар ҷойи нишаст ё бархоста каф кӯфтанд.

Радиои Озодӣ саҳнаҳои кафкӯбиро ҳангоми паёми президент ҳисоб ва маълум кард, ки дарозтарини он 42 ва кӯтоҳтаринаш 4 сония аст.

Зимни кафкӯбиҳое, ки аз 20 сония зиёд аст, ҳозирон аз ҷой бармехезанд ва фақат баъд аз хоҳиши раиси ҷумҳурӣ ба кафкӯбӣ хотима дода, менишинанд. Бисёре аз кафкӯбиҳо 6 ва ё 7 сония ҳастанд ва фақат баъди идомаи суханронии раиси ҷумҳур бас мешаванд.

Баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ кафкӯбии бардавоми вакилону мақомоти расмии Тоҷикистонро ба рафтори мақомоти Кореяи Шимолӣ монанд кардаанд, ки ҳамеша аз ҳамин роҳ садоқати худро ба Ким Чен Ун, раҳбари худкомаи кишварашон баён мекунанд. Вазъи ба ҳамин монанд солҳо боз дар Туркманистон ҳоким аст.

"Ман ин паёми президентро ба вакилон ва мардум дидам. Дидам, ки чӣ гуна пас аз ҳар як ҷумла аз ҷой бархоста, каф мезаданд. Ба монанди он чи дар Кореяи Шимолӣ мекунанд. То ҳол нафаҳмидам, ки чаро онҳо якдилона каф кӯфтанд, чун ҳама корро барои худ мекунанд, на мардум?" – нигоштааст яке аз корбарон дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук.

Намояндагони мақомот дар гузашта чунин рафторро арҷгузорӣ ба президент дониста буданд.

Дар паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон ба порлумон дар рӯзи 28-уми декабр ӯ доир ба вазъи иқтисодӣ ва пешрафтҳои кишвар суҳбат кард.

Вай, ки бештар аз 30 сол боз раҳбари Тоҷикистон аст, солҳои охир аз тарафи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ барои саркӯби дигарандешон, аз саҳна рондани мухолифони сиёсӣ, зери по кардани ҳуқуқи мардум, ривоҷи шахспарастӣ, низоми худкома, фасоди молӣ ва ба даст гирифтани тамоми шохаҳои давлат батакрор танқид мешавад.

Ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дар солҳои аввали ҳукуматаш пешвопарастиро танқид мекард, соли 2016 унвони “пешвои миллат”-ро доданд ва ӯ ҳақ дорад, бе маҳдудият дар интихоботи президентӣ ширкат кунад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Барои Э.Раҳмон 120 бор ва 22 дақиқа кафкӯбӣ карданд. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:51 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG