Кумитаи тафтишотии Русия Ёқубҷон Юсуфзодаро ба он муттаҳам кард, ки чанд рӯз пеш аз ҳамла барои таъмини гумонбарон бо ҷой "тавассути корти бонкӣ ба як шарикаш пул фиристодааст".
Муфаттишон гуфтаанд, як қисми пул "баъд аз содир шудани ҷиноят ба ҳисоби яке аз ҳамлаварон гузаронда шуд." Тасдиқи он аз манобеи дигар имконпазир нест.
Дафтари матбуоти Додгоҳи Басманний хабар дод, ки нисбат ба Ёқубҷон Юсуфзода бар асоси банди "б"-и қисми 3-и моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия (амали террористӣ) айб эълон шудааст.
Мурофиа паси дарҳои баста гузашт. Назари худаш ё наздикону вакили мудофеъ ва ҷузъиёти парванда дастрас нест. Пештар ҳомиёни ҳуқуқ латукӯб ва шиканҷаи баъзе аз гумонбарони ҳамла ба толори "Крокус"-ро танқид карда, дурустии иқрори онҳоро зери суол бурда буданд.
Саҳифаи "Маш" дар Телеграм нигоштааст, ки Ёқубҷон Юсуфзода ҳангоми амалиёти “Нелегал” ва тасодуфан рӯзи 26-уми март дастгир шуда, сипас робитааш бо ҳамлаварон ошкор гаштааст.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Ёқубҷон Юсуфзода 25 сол дорад, оиладор ва соҳиби се фарзанд. Ҳангоми боздошт дар сохтмон кор мекардааст.
Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб диданд.
Гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.
Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун даҳ нафари онҳоро ба ҳабси пешакӣ гирифтааст. Нуҳ нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.
Баъзе аз муҳоҷирон мегӯянд, пас аз ин ҳодиса санҷишу боздошт ва ихроҷ афзуда, муносибати мардуму корфармоён бо онҳо дар Русия тағйир ёфтааст. Бо гузашти даҳ рӯз аз ҳодиса мақомоти Тоҷикистон боздошти шаҳрвандон ва вазъи муҳоҷиронро дар Русия шарҳ намедиҳанд.