Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси додгоҳ дар пайи латукӯби сарбоз аз вазифа барканор ва аз мақомоти судӣ ронда шуд


Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон бо фармоне Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро аз мақомаш барканор кард.

Аз ин пеш манобеи Радиои Озодӣ хабар дода буданд, ки Зоҳир Муминзода дар гузаргоҳи назоратии “Дараи Об” дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон як марзбонро латукӯб кардааст.

Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае аз "рафтори ношоиста ва ғайриоинномавӣ"-и раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёд карда, фармон додааст, ки "ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад".

Назари Зоҳир Муминзода дастрас нест.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, рӯзи 8-уми июл сарбозони марзбон ҳангоми ворид шудани Зоҳир Муминзода ба маркази ноҳия мошини ӯро тафтиш мекунанд ва аз ӯ хоҳиш мекунанд, ки ҳамроҳаш санадҳояшро барои шиносӣ пешниҳод кунад. Раиси додгоҳ баҳс мекунад ва аз мошин поён шуда, Фирӯз Атовуллоев, сарбози Нерӯҳои марзбониро мушт мезанад.

Зоҳир Муминзода вуҷуди ин ҳодисаро тасдиқ ва рад накардааст, вале бархе дӯстонаш дар "Фейсбук" навиштанд, ки баръакс сарбоз ӯро задааст ва раиси суд гуноҳе надорад.

Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтори Зоҳир Муминзодаро таҳқиқ мекунад. Додситонии низомӣ дар минтақаи Кӯлоб шоҳидон ва сарбозе, ки иддао мешавад, латукӯб шудааст, ба бозпурсӣ даъват кардааст.

Додрасҳо дар Тоҷикистон аз ҳаққи дахлнопазирӣ бархӯрдоранд ва то замоне, ки онҳо аз ҷониби президент барканор нашаванд ва порлумон ризоият надиҳад, боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ғайримумкин аст.

XS
SM
MD
LG