Манобеи Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ гуфтанд, яке аз нақлиётҳое, ки ба садама дучор шуд, таксӣ буд ва мошини дигар ба Фозил Ҳасанов, имомхатиби пешини деҳаи Фотеҳобод тааллуқ дошт.
Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи таксӣ дар рӯзи ҳодиса аз гузаргоҳи Фотеҳобод-Ойбек мусофир гирифта, ба самти Хуҷанд равон будааст. Аз он тараф руҳонӣ Фозил Ҳасанов ҳамроҳ бо ҳамсар ва ду фарзандаш, писарашро, ки аз Русия бармегашт пешвоз гирифта, ба Мастчоҳ бармегаштанд.
Дар натиҷаи ин садама имомхатиб ҳамроҳ бо ҳамсар ва се фарзандаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Онҳо 45, 19, 17 ва 10 сол доштанд.
Ронандаи таксӣ ва як мусофири дигар ҳам ҷон додаанд ва се мусофири дигарро ба беморхона бурдаанд. Аҳволи ду мусофир вазнин гуфта мешавад.
Дар Тоҷикистон солона дар садамаҳои нақлиётӣ садҳо нафар куштаву маҷруҳ мешаванд ва риоят накардани қоидаҳои роҳ, ҳаракат бо суръати баланд ва мошинҳои куҳнаву роҳҳои ноҳамворро сабабҳои маргу мири зиёд дар роҳҳои кишвар меноманд.