Содироти барқ назар ба соли 2023, 3,3 дарсад ё 2,8 миллион доллар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар будааст.
Ба иттилои Оҷонсии омор, зиёда аз 80 дарсад аз ҳаҷми содироти неруи барқ ба Афғонистон ва боқимонда 20 дарсадаш ба Узбекистон рост меояд. Бо ин ду кишвар Тоҷикистон соли равон барои содироти барқ қарордод ба имзо расонида буд.
Интиқоли барқ ба хориҷ дар шароите, ки мардуми Тоҷикистон худ бо маҳдудият барқ дарёфт мекунанд, интиқодҳоро ба миён овардааст. Ҳамасола баробари сардиҳо сокинони деҳоти Тоҷикистон шабонарӯз фақат 8 соат барқ мегиранд.
Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбари Оҷонсии омор ҳам қаблан гуфта, барқ асосан дар мавсими тобистон ва дар вақти зиёд будани об фурӯхта мешавад. Аммо шубҳаву гумонҳо ба ин ҳарфҳои мақомот зиёд аст.