Дар гузаштаҳо маводи мухаддирро бештар дар қисматҳои ҷанубуғарби Афғонистон, дар сарҳад бо Покистону Эрон парвариш мекарданд. Ба иттилои СММ, бисёр кишоварзони Афғонистон дар вилояти Бадахшони Афғонистон кӯкнорро ягона илоҷи беҳбуди вазъи молии хонаводаҳояшон арзёбӣ мекунанд.
Ҳанӯз вокуниши мақомоти Тоҷикистон ба ин гузориш дастрас нест, вале бино ба гузоришҳои пешини ҳукумат, баъди як муддат коҳиш, солҳои охир ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир аз дасти қочоқбарон боз ҳам афзоиш ёфтааст. Тибқи иттилои расмӣ, мақомоти Тоҷикистон соли 2023 аз дасти қочоқбарон 5,3 тонна маводи мухаддир мусодира кардаанд.
Радиои Озодӣ дар сӯҳбат бо Саломе Флорес Сиерра Франсони, раҳбари маркази иттилооти UNODC дар шаҳри Тошканд, ҷузъиёти гузориши нави ин созмонро пурсид
Саломе Флорес: Соли 2022 мақомоти амалкунанда дар Афғонистон кишти кӯкнорро манъ карданд. Байни солҳои 2022 то 2023 коҳиши кишти кӯкнор хеле ҷиддӣ буд – мо шоҳиди 95% кам шудани парвариш будем. Ин тақрибан баробар бо решаканкунӣ аст. Соли 2024 назар ба соли 2023 мо мебинем, ки кишт 19% афзоиш ёфтааст. Яъне мо соли 2024 бо афзоиши каме рӯбарӯ шудем, вале ин ҳамоно дар қиёс бо солҳои қаблии то замони манъи кишт камтар аст. Соли 2022 дар 232 ҳазор ҳектар замин дар Афғонистон, кишти хашхош мушоҳида шуд ва соли 2023 он тахминан то 11 ҳазор ҳектар кам шуд. Имсол майдони кишти хашхош 12,8 ҳазор ҳектарро ташкил дод. Ин омор боз ҳам камтар дар муқоиса бо гузаштаҳо аст. Вале муҳитарин чизе, ки бояд бигӯем ин аст, ки дар макони кишти кӯкнор акнун як тағйироти ҷуғрофиёӣ дида мешавад. Дар гузаштаҳо мо медидем, ки бештар дар ҷануби кишвар – вилоятҳои Ҳилманду Қандаҳор буд, вале соли 2024 аксари кишт дар қисматҳои шимол ва шарқи Афғонистон, асосан дар қаламрави вилояти Бадахшон сурат гирифтааст.
Суҳбатро инҷо тамошо кунед:
Радиои Озодӣ: Дар Тоҷикистон мақомот ҳамеша таҳдиди қочоқи маводи мухаддиро ба терроризму ифротгароӣ баробар медонанд ва аз афзоиши ҳаҷми мусодираи маводи мухаддир дар солҳои охир гузориш медиҳанд. Шумо вокуниши мақомоти Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро ба ин афзоиш дастрас кардаед?
Саломе Флорес: Ҳанӯз на, гузориш рӯзи 6-уми ноябр нашр шуд. Вазифаи идораи мубориза бо маводи мухаддири СММ, дар огоҳсозии ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин Эрону Покистон аз чунин тамоюл ва тағйирот мебошад. Мо бо онҳо аз наздик ҳам дар масоили огоҳсозӣ аз кишт ва ҳам додани маълумот оид ба қочоқи маводи мухаддир ҳамкорӣ мекунем. Кори мо аз ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот иборат аст. Аксар ҳукуматҳо аз идомаёбии қочоқи маводи мухаддир, асосан навъҳои афюн, ҳероин ва метамфетамин хабар медиҳанд.
Радиои Озодӣ: Cабаби дар шимоли Афғонистон ба кишти кӯкнор рӯ овардани кишоварзонро дар чӣ мебинед?
Саломе Флорес: Гуфтан душвор аст, вале барои бисёриҳо ба ҷуз кишти кӯкнор интихоби дигаре вуҷуд надорад. Дар қиёс бо дигар навъҳои маҳсулот, кишти кӯкнор ба онҳо даромади хубе медиҳад. Вақте мо дар таҳқиқоти пешин муқоиса кардем, ки масалан аз кишти гандум ва кӯкнор даромади онҳо то чӣ ҳадд фарқ мекунад, дидем, ки тафовут хеле калон аст. Пеш аз ҳама сабаб дар набуди интихоби беҳтар аст, чун даромад аз он, хароҷоти оилаҳои кишоварзонро мепӯшонад.
Радиои Озодӣ: Шумо мегӯед, ки маъмурияти Толибон кишти маводи мухаддирро манъ кардаанд, вале айни замон, мебинем, ки кишт дар минтақаҳои дигар афзоиш меёбад. Ҳамин номувофиқатӣ дар амру фармон ва вазъи воқеиро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Саломе Флорес: Агар ба қарорҳои мақомоти “Толибон” нигоҳ кунед, як силсила иқдомҳоро дар ин самт мебинед: соли 2022 кишти кӯкнорро манъ карданд, соли 2023 манъи гардиши маводи мухаддири маснӯӣ – прекурсорҳои мисли метамфетаминро содир карданд, ки медонед, бо роҳҳои истеҳсол дар корхонаҳо ҳосил мешавад. Моҳи марти соли 2023 ҳашишро манъ карданд. Поёни соли 2023 ва оғози соли 2024 интиқол ва қочоқро манъ карданд. Яъне мо аломатҳои фаъолияти ботадриҷ дар самти манъи маводи мухаддиро мушоҳида мекунем. Он ки дар дигар қаламравҳо кишти хашхош дида мешавад, зоҳиран натиҷаи он аст, ки онҳо инро ҳанӯз ошкор карда натавонистаанд.
Радиои Озодӣ: Бо тағйироти ҷуғрофиёии маҳалли кишт, кишварҳои мисли Тоҷикистон чӣ паёмадҳоеро бояд интизор шаванд?
Саломе Флорес: Мақомоти кишварҳои ҳамсоя эҳтимолан идомаи қочоқи маводи мухаддирро мушоҳида хоҳанд кард. Ҳоло, ки мо дар ин бора огоҳ шудаем, бояд мониторинг ё назорат аз роҳҳои қочоқро ба роҳ монем, дар самти тақвияти амнияти сарҳадҳо, мусодираи маводи мухаддир кор кунем, маълумот ҷамъоварӣ кунем, нуқтаҳои сарҳадии аз ҳама беш осебпазирро дар қочоқи ин мавод маълум кунем.
Радиои Озодӣ: Оё кори шумо бо мақомоти Толибон, ки аз ҷониби СММ ва аксар давлатҳои ҷаҳон эътироф нашудаанд, чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?
Саломе Флорес: Ҳамаи идораҳои СММ дар Афғонистон, мақомоти маҳаллиро бояд дар бораи фаъолияташон огоҳ кунанд. Мо ба ҳамкории мустақим бо онҳо иҷоза надорем, яъне наметавонем ба онҳо пул бидиҳем ва маблағгузорӣ кунем. Мо бо сохторҳои маҳаллӣ кор мекунем. Масалан, созмоне, ки бо муолиҷаи нашъамандон машғул аст. Мо бо дигар идораҳои СММ ба беморон доруву дармон медиҳем, яъне ба таври мустақим бо мақомот кор намекунем. Мо дар тамос ё муколама бо онҳо ҳастем, то ки онҳо донанд, ки мо дар ҷомеаҳо чӣ кор мекунем.