Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осиёи Марказӣ: Туркистон ё Эронзамин?


Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Шавкат Мирзиёев. Шаҳри Самарқанд, моҳи ноябри соли 2022
Қосимҷомарт Тоқаев, Содир Ҷабборов, Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва Шавкат Мирзиёев. Шаҳри Самарқанд, моҳи ноябри соли 2022

Камолуддин Абдуллоев, таърихнигор

Шабакаи TRT Haber дар аввали моҳи октябри соли 2024 гузориш дод, ки бо қарори Вазорати маорифи миллии Туркия минбаъд дар барномаҳои таълимии ин кишвар истилоҳи “Осиёи Марказӣ” бо “Туркистон” иваз карда мешавад. Мақомоти Туркия ба ин ақида ҳастанд, ки истилоҳи пешина аврупомеҳвар буда, бозгӯйи хусусиятҳои таърихӣ ва фарҳангии минтақа нест. Ба андешаи онҳо, тағйири ном барои барқарор кардани адолати таърихӣ ва мусоидат ба таҳкими ҷаҳони туркист.

Тасмими Туркияро чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст? Оё зарур аст, ки “бонги хатар” зада ва нисбат ба кӯшиши эҳёи пантуркизм дар минтақа ибрози нигаронӣ карда шавад? Ин мавзуъ барои тоҷикон бисёр ранҷовар аст, чун дар он кӯшиши “саркӯб ва ассимилятсия”-ро мебинанд. Дар Тоҷикистон мубориза бо пантуркизми ошкору ниҳон тақрибан ба як идеяи миллӣ табдил ёфтааст.

Се сол пеш ба таъсиси Созмони Кишварҳои Туркӣ вокуниш карда будем. Воқеаҳои охир моро водор карданд, ки дигарбора ба баррасии ин мавзӯи барои тоҷикон дардовар бипардозем. Ёдрас мешавем, ки ба ҷуз аз Туркия ва Озарбойҷон, се давлати “туркӣ” (пештар туркзабон номида мешуданд) аз Осиёи Марказӣ ба Созмони Кишварҳои Туркӣ пайвастаанд. Туркманистон, кишвари дигари минтақа, мақоми нозир дорад.

Дар асл, Шӯрои Туркӣ, ки соли 2009 таъсис ёфта буд, соли 2021 номашро ба Созмони Кишварҳои Туркӣ тағйир дод. То ташкили Шӯрои Туркӣ, шуруъ аз соли 1992, нишасти сарони давлатҳои туркзабон баргузор мешуд. Давлатҳои туркзабон дар солҳои 1992-2010 даҳ нишаст баргузор карданд. Дар онҳо кӯшиши ниҳодинасозии созмон ба назар мерасид, аммо бинобар мавқеи раисҷумҳури вақти Узбекистон Ислом Каримов нисбат ба Туркия ва даст накашидани Туркманистон аз мақоми бетарафӣ ба мақсуд нарасид.

Маҷористон (Венгрия) дар соли 2018 мақоми нозирро дар Созмони Кишварҳои Туркӣ гирифт. Узбекистон соли 2019 ба узвияти он пайваст. Ин ҳолат баъди он рӯй дод, ки пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев, муносибати Анкара ва Тошканд беҳтар шуд.

Тасмими мақомоти Туркия барои "Туркистон" номидани "Осиёи Миёна" кори шахсии онҳост. Аммо мехоҳам вокуниши аввалинро ҳамчун таърихшиноси тоҷик нисбат ба ин тасмим ба таври мухтасар баён кунам.

Шояд Эронзамин?

Мо шона ба шонаи ҳамдигар талош хоҳем кард, то марҳилаи ояндаро ба даврони туркҳо табдил ва назарияи Қарни Туркия-ро ба Cозмони Кишварҳои Туркӣ густариш диҳем.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия

Шахси аз ҳама беҳтарини ғайритурк аз турки ҷавонтарину бетаҷрибатарин ҳам пасттар аст.”

Анвар-пошшо, генерали турк, фармондеҳи шӯришиён (босмачиён) дар Бухорои Шарқӣ дар солҳои 1921-22

Камолуддин Абдуллоев
Камолуддин Абдуллоев

"Туркистон" хондани минтақаи Осиёи Миёна монанди он хоҳад буд, ки Эрон имрӯз Осиёи Миёнаро ба изофаи Афғонистон Эронзамин эълон бикунад. Дар ҳар сурат, ин кишвар барои он ки Осиёи Миёнаро Эрон (Хуросон, Эрони Бузург, Эроншаҳр) биномад, аз Туркия дида, ки ҳамон минтақаро Туркистон мехонад, далелҳои камтар надорад. Ҳадди ақал аз он сабаб, ки Эрон бо минтақаи мавриди назар сарҳади муштарак дорад.

Хуросон ва Мовароуннаҳр то асри 18 як минтақа буданд – Эрони ғарбӣ ва Эрони шарқӣ – бо таърихи умумӣ ва марказҳои фарҳангӣ аз Исфаҳон то Ҳироту Самарқанду Бухоро ва аз Деҳлӣ то ба Чин. Ба Эронзамин (Эрони Бузург) баъзе аз ноҳияҳои Қафқоз низ дохил мешуданд. Барои чиниҳои асрҳои миёна Эрон ва умуман Ғарб ба маънои васеъ – ҳатто на дар Фарғона, балки дар ҳавзаи Тарим (Қошғар) ва мустаъмараҳои суғдии Гансу – оғоз мешуд.

Ёдовар мешавем, ки ба ақидаи аксар донишмандон, тоҷикон суғдиёни мусулмоншуда ва эрониёни шарқӣ ҳастанд. То пайдо шудани туркҳо дар минтақа дар асри шаши милодӣ, суғдиён бори таърихи якунимҳазорсола бар дӯш доштанд. Ҳамкории зич ва барои ҳарду тараф фоидаовари онҳо бо туркҳо ҳамагӣ ду аср давом кард ва бо омадани дини Ислом дар асри ҳашт бас шуд.

Аз нигоҳи забоншиносӣ, марзҳои Эрони Бузург аз маҳдудаи ҷуғрофиёии он бисёр густурдатар аст. Дар шарқшиносии муосир истилоҳи "персофония" қабул шудааст. Он баёнгари ҳавзаи тасаллути забони форсист ва нишон медиҳад, ки он дар минтақаи васеътаре аз Туркия то Чин ва аз Қафқоз то Ҳиндустон забони муошират ё гуфтугӯи мардум (lingua franca) будааст.

Порсӣ (форсӣ), қаҳрамони забонҳои Эронзамин, пас аз арабӣ аввалин забон дар Ислом буд, ки дар ҳамаи мадрасаҳо, аз ҷумла туркӣ, таълим дода мешуд. Худи Туркия то ҳол таъсири қавии фарҳанги эрониро эҳсос мекунад.

Ҷалолуддин Муҳаммад Румӣ, шоири асри XIII, ки туркҳо ӯро "бунёдгузори адабиёти классикии туркии Анадолу (Анатолия)" медонанд, зодаи Тоҷикистони имрӯза буд. Нубуғи ӯ марзҳои миллиро намешиносад. Форсҳо, тоҷикон, туркҳо, юнониҳо, паштунҳо, туркҳо, озарбойҷониҳо ва дигарон мероси маънавии ӯро бисёр қадр мекунанд. Румии Тоҷик – пешвои маънавии Мавлавия – тариқати пурнуфузтарин дар давраи Туркияи Усмонист. Ин тариқат бо рақси "само" (рақси дарвешон низ меноманд) маъруф аст ва то ҳол вуҷуд дорад.

Ҳукмронии низомӣ-сиёсии туркҳо ва пирӯзии фарҳанги эронӣ

Дуруст аст, ки бо вожгунии Сомониён дар соли 999 тоҷикон қудратро аз даст доданд ва аз аввали асри XI турккунонии босуръати Осиёи Миёна оғоз шуд. Туркҳо дар миёнаи асри даҳ ба олами Ислом ворид шуданд ва ин марҳила тақрибан се аср давом кард.

Берт Фрагнер, эроншиноси маъруф аз Австрия, навиштааст, ки "Ислом бо туркҳо бо забони барояшон ошнои форсӣ сухан мегуфт. Ба шарофати забони форсӣ барои бисёре аз туркҳо Ислом комилан бегона наменамуд." Ҳарчанд туркҳо қисми зиёди Мовароуннаҳрро гирифта буданд, вале кӯшиш накарданд, ки бо низоми давлатии худ "Туркистон" ташкил кунанд, ки дар он бархилофи суғдиёни эронизабон (бо қабули Ислом дар асри VIII - тоҷикон) ба мардуми турк бартарӣ дода мешуд.

Ричард Фолтс, эроншиноси амрикоӣ, дар китоби "Эрон дар таърихи ҷаҳон" (боби "Туркҳо: бунёдкорони империяҳо ва муҳофизони фарҳанги форсӣ (1027-1722) дар бораи муносибати мардуми кӯчманчӣ ва муқимии Эрони Бузург чунин нигоштааст: "Кӯчманчиҳо ҳамин ки қарор мекарданд, дар шаҳрҳо ва воҳаҳои забткардаашон маскан гиранд, бояд мушкили муносибат бо мардуми маҳаллиро ҳал мекарданд. Сокинони муқимӣ онҳоро ваҳшӣ ва номутамаддин мешумурданд. Аз ин рӯ, кӯчманчиён бояд нишон медоданд, ки хислатҳои заруриро барои ҷузъи як ҷомеаи фарҳангӣ ва шоиста шудан доранд. Ин корро тавассути аз худ кардани тарзҳои фарҳангии эронӣ анҷом медоданд. Яъне, завқ ба либос, хӯрок, одоби иҷтимоӣ, мусиқӣ ва муҳимтар аз ҳама забону адабиёти форсӣ."

Ба ин тартиб, туркҳо фарҳанги худро ба шаҳрнишинон ва сокинони водиҳо таҳмил накарда, балки анъанаҳои эрониро дар ҷомеа ва фарҳанги Осиёи Миёна идома доданд. Ғайр аз ин, онҳо тарафдорони сарсахт, ҳомӣ ва сармоягузорони онҳо шуданд.

Ёдовар мешавем, ки туркҳо пас аз Сомониён дар минтақа нақши пешбарро доштанд: Сабуктегин (собиқ сарбози ғулом) ва писари ӯ Маҳмуди Ғазнавӣ (аз тарафи модарӣ – форс) ва инчунин Қарахониён (туркҳои қарлуқ), ки дар соли 999 Сомониёнро мағлуб карданд.

Пас аз марги Маҳмуд, давлати ӯ бо мавҷи нави истилогарони туркҳои Осиёи Миёна, ки аз Салҷуқиён (туркманҳои оғуз) иборат буд, дучор шуд. Салҷуқиён ба монанди Сабуктегин, падари Маҳмуд, дар Бухоро дар хидмати ҳарбии Сомониён буданд. Онҳо то соли 1037 қисми зиёди Эрони шарқиро аз Ғазнавиён гирифтанд. Сипас Бағдоду Гурҷистон ва Арманистонро забт карданд ва ба империяи Византия таҳдид карданд, ки назорат бар Анадолу (Осиёи Хурд, қаламрави Туркияи ҳозира)-ро ба даст мегиранд.

Туркҳо дар соли 1071 дар набарди Манзикерт (Туркияи имрӯзаи шарқӣ) ба артиши императори Византия Роман пирӯз шуданд. Бо ин, роҳ барои турк кардани бошиддати Анадолу (Анатолия) ҳамвор гашт. Ба он ҷо оғузҳо ва туркманҳои Осиёи Миёна рехтанд. Онҳо бо занони маҳаллӣ, асосан арманиҳо ва юнониҳо издивоҷ карданд. Тадриҷан мардуми аз ҷиҳати қавмӣ гуногунранг (яъне на ҳатман туркӣ)-и Анадолу (Анатолия) ба забони туркӣ гузаштанд.

Туркҳо ба як нерӯи тавоно табдил ёфтанд ва ҳеч кас наметавонист пеши роҳи онҳоро бигирад. Аммо онҳо худро бо бартарияти низомӣ ва сиёсӣ маҳдуд мекарданд. Мисли гузаштагони худ Ғазнавиёну Салҷуқиён ҳомии пуршӯри забон ва фарҳанги форсӣ буданд. Риёзидон ва шоир Умари Хайём маҳз дар замони ҳукмронии онҳо зиндагӣ ва эҷод мекард, инчунин файласуф Муҳаммад Ғаззолӣ ва ниҳоят, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ (Балхӣ).

Ҳамлаи навбатии бузургтарин ва бераҳмтарини бодиянишинон ба Осиёи Миёна на аз ҷониби туркҳо, балки аз тарафи муғулҳо роҳбарӣ мешуд. Онҳо бо забони худ гап мезаданд ва мусулмон набуданд. Муғулҳои Чингизхон бархилофи туркҳо дар қабилаҳои пароканда ҷамъ шуда, кӯшиш мекарданд, ки фарҳангу муносибатҳои чӯпонии худро дар байни мардуми пешрафта ҷорӣ кунанд ва сохтору ниҳодҳои сиёсиро, ки пеш аз онҳо фаъол буд, аз байн бибаранд.

Чингизхон
Чингизхон

Онҳо тамоми аҳолиро ғулом карда, ба тобеияти ин ё он фармондеҳи муғул дода буданд. Муғулҳо тамаддуни Эронро дар бисёре аз минтақаҳои ҷаҳони ислом вайрон карданд. Хонаводаи Ҷалолуддини Румӣ аз онҳо фирор карда, аз зодгоҳи худ Балх ба Қуния, Анадолу (Анатолия), ки берун аз султаи муғулҳо буд, паноҳ бурд.

Бо вуҷуди ин, пас аз Ғазнавиён, Қарахониён ва Салҷуқиён, муғулҳо, ки Эрони Бузургро забт ва дар онҷо қатли омро анҷом доданд, бо мурури замон ба пуштибонҳои саховатманди фарҳанги форсӣ табдил ёфтанд. Империяи муғул дар охири асри XIII ба чор хонигарии алоҳида тақсим шуд. Осиёи Миёна, аз ҷумла қисми зиёди Эрони шарқӣ, бахше аз хонигарии Чағатой шуд.

Шуруъ аз соли 1363 сарлашкари бераҳм аз қабилаи барлос Темур (Тамерлан, Темури ланг) ба чағатойиҳо ҳамла кард. Ӯ ҳамчун муғули мусулмон ва туркшуда дар сиёсат амири аз ҷиҳати қавмӣ бетарафи мусулмонон буд. Худро ғозӣ, "мубориз барои дин" ва ҳомии сунниҳо медонист.

Дар айни замон, вай дар бераҳмӣ аз Чингизхон, ки ӯро ҷадди худ (аз тарафи ҳамсар) ва манбаи илҳом меҳисобид, монданӣ надошт. Темур анъанаи ҳокимияти хониро дар Мовароуннаҳр оғоз кард. Аз он вақт танҳо авлоди муғули Чингизхон ва фарзандони худи ӯ - темуриён хон мешуданд (Ин анъана соли 1920 баъди инқилоб дар Бухоро бас шуд).

Темур Самарқандро пойтахт баргузид ва онро обод кард. Ӯ ба Эрон лашкар кашид ва дар он ҷо бо кушторҳои дастҷамъӣ машҳур шуд ва аз сари қурбониён манораҳо сохт. Темури ланг инчунин Деҳлиро хароб ва ба сари Ҳиндустон балоҳои зиёде овард. Вай ба империяи Усмонӣ, ки як аср пеш бо пирӯзӣ бар Салҷуқиён Анадолу (Анатолия)-ро забт карда буд, лашкар кашид.

Артиши Темур, ки ҳаста ё ядрои он туркҳо буданд, дар тобистони соли 1402 дар наздикии Анкара артиши султон Боязидро шикаст дод ва як муддат боис ба парокандагии империяи Усмонӣ шуд. Як конфедератсияи дигари қавии қабилаҳои туркӣ - узбекҳои Шайбониён, ки дар замони Темур қариб қабилаи ночизтарин шумурда мешуданд, дар аввали асри XVI аз шимол ба Эронзамин ҳамла карданд (Аҷиб аст, ки Узбекистони муосир Темурро падари миллати узбек медонад).

Узбекҳо низ ба пайравӣ аз туркҳо ва муғулҳо, парастиши фарҳанги эрониро идома доданд. Шайбониён ба шоирон ва наққошон мадад мекарданд. Онҳое, ки ба форсӣ ва туркӣ шеър навишта, китобҳоро зебу зиннат медоданд. Мадрасаҳои машҳури Шердор ва Тиллокорӣ дар Самарқанд дар асри XVII аз ҷониби узбекҳо сохта шудаанд. Маҳз дар замони ҳукмронии Шайбониён дар таърихнигории дарборӣ истилоҳи форсии “Туркистон” – “сарзамини туркҳо” истифода мешуд.

Муҷассамаи амир Темур дар Тошканд
Муҷассамаи амир Темур дар Тошканд

Узбекҳои Шайбонихон темуриёнро аз Мовароуннаҳр ба он сӯйи Ому – ба Осиёи Ҷанубӣ ронданд. Бо кӯшишҳои Акбари Бузург (1542-1605), набераи Муҳаммад Бобур (чингизӣ ва темурӣ), ки аз узбекҳо шикаст хӯрда буд, империяи Темуриён, ки ночор ба Ҳиндустон кӯчида буд, бо номи нави Империяи Муғул ба давлати сарватманд ва пурқудрат табдил ёфт. Бобур ва авлоди ӯ, ки душмани оштинопазири узбекҳо буданд, дигар фикри бозгашт ба Бухоро, Самарқанд ва Фарғонаро надоштанд ва Кобулу Деҳлиро ватани худ карданд.

Сулолаи бой ва таҳаммулпазири муғулҳо ва майли онҳо ба фарҳанги порсӣ-исломӣ-ҳиндӣ, бисёре аз шахсони боистеъдодро аз саросари Шарқ, пеш аз ҳама аз Эронзамин, ҷалб кард. Худи императорони муғул ҳам аз ҷиҳати хун ва ҳам аз ҷиҳати фарҳанг аз гузаштагони турки худ дуртар мешуданд. Император Ҷаҳонгир дар хотираҳои худ, ки дар асри XVII ба забони форсӣ навишта шудаанд, гуфтааст: “Ман он қадар бесавод нестам, ки ба туркӣ сухан гӯям ва бинависам.”

Ба гуфтаи Фолтс, муғулҳои Ҳиндустон дар баробари Сафавиён, ки дар ҳамон замон бар Эрон ҳукмронӣ мекарданд, “аз бузургтарин паҳнкунандагони фарҳанги форсӣ дар ҷаҳон” буданд.

Ба ғазали “Биё, ки зулфи каҷу...” аз Зебуннисо, духтари дӯстдоштаи Аврангзеб, императори шашуми Муғул (1658-1707) аз ҳамсари калонияш Дилрас Бону Бегим, ки аз сулолаи Исмоили I Сафавӣ, шоҳаншоҳи Эрон (Исмоил аз тарафи падарӣ форс ё курд буд, аз тарафи модарӣ турки оғуз ва юнонӣ) буд, мусиқидон Ҳоҷӣ Абдулазиз Расулов - тоҷики ғармӣ (аз тарафи падарӣ) ва тоҷики дузабонаи самарқандӣ (аз тарафи модарӣ) дар аввали асри XX суруди "Ушшоқи Самарқанд"-ро эҷод кард. Ин шоҳасар ба хазинаи мусиқии классикии "Шашмақом" дохил шуд ва дар байни тоҷикон, узбекҳо ва яҳудиёни бухороӣ машҳур гардид. Имрӯз онро даҳҳо сароянда ва дастаҳои ҳунарии ҳарду ҷумҳурӣ, инчунин, ҷомеаҳои яҳудиёни бухороӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил иҷро мекунанд.

Вақте Эрони шарқӣ (Самарқанд ва Бухоро) зери ҳукмронии Темуриён буд, Эрони ғарбиро туркманҳои кӯчманчӣ назорат мекарданд. Раҳбарони сӯфии аҳли суннати Сафавия аз садоқати мутаассибонаи онҳо ба Алӣ истифода бурданд. Барои он ки туркманҳоро зери парчами худ оваранд, онҳо худ шиа шуданд ва барои ҷалби пуштибонии онҳо дар мубориза бо усмониҳои суннимазҳаб таблиғоти шиаро истифода бурданд.

Артиши тобеи Сафавиён "қизилбош" (сари сурх, ранги рахҳои салла) ном гирифт. Пешвои онҳо - сарлашкар ва шоир Исмоил соли 1501 Табрезро забт кард ва худро "шоҳаншоҳ" (подшоҳи подшоҳон)-и Эрон номид. Зери мафҳуми Эрон ӯ Хуросон ва Мовароуннаҳр, яъне Эрони Бузургро дар назар дошт.

Сулолаҳои туркии Сафавиён, Усмониҳо, Шайбониён ва Муғулҳо дар асри XVI ба муқовимати мусаллаҳона ба зидди ҳамдигар пардохтанд, ки ин оғози поёни Эронзамин-Туркистон ва сабаби асосии ақибмонии он аз Аврупо гардид. Шоҳи сафавии Эрон Исмоил соли 1510 дар раъси артиши қизилбош бар узбекҳо пирӯз шуд, Шайбонихонро кушт ва чунон ки аз қадим дар байни кӯчманчиён расм буд, аз косахонаи сари ӯ коса сохт.

Пас аз чор сол султони Усмонӣ Салими I, ки аз комёбиҳои артиши қизилбоши Сафавиён нигарон буд, Исмоилро шикасти сахт дод. Шоҳаншоҳи ҷавон дар соли 1524 даргузашт. Ӯ ба писараш Таҳмосп нусхаи боҳашамати мусаввари "Шоҳнома"-ро мерос гузошт.

Тафриқа ё ҷудоии мазҳабӣ низ сабаби сустшавии минтақа гардид. Бо кӯшишҳои Таҳмоспи сафавӣ, мазҳаби шиа, ки барои эрониён бегона буд, дар аввали асри XVI ба мазҳаби давлатии онҳо бадал ёфт.

Ҳамзамон уламо (муллоҳо), ки давлат ба онҳо заминҳои фаровон медод, оҳиста-оҳиста ба идораи Эрони сафавӣ шуруъ карданд. Муллоҳо мехостанд, ки мазҳаби шиаро дар Эрони шарқӣ низ ҷорӣ кунанд, аммо кӯшиши онҳо натиҷа надод. Ҳосили таблиғоти шиа ҷудоӣ байни қисматҳои ғарбӣ ва шарқии Эрон шуд, ки замоне ягона буданд. Тоҷиконе, ки то имрӯз дар Узбекистон, Тоҷикистон ва Афғонистон зиндагӣ мекунанд, бархилофи ҳамватанони эронии шиаи худ суннӣ монданд.

Эрони шоҳӣ аз ҷониби Осиёи Миёнаи хонӣ ҳамчун зиддият ва мухолиф қабул карда шуд ва аз ин рӯ, ҳеч гуна робитаҳои фарҳангӣ бо он нигоҳ дошта намешуд. Тафриқа ва шиаҳаросӣ ба турккунонии минбаъдаи ин сарзамин ва дуршавии тоҷикон аз ҳамватанони худ дар Эрони ғарбӣ мусоидат карданд.

Дар мавриди туркҳои Осиёи Хурд. Султонҳои империяи Усмонӣ, ки соли 1299 таъсис ёфта буд, ба андозаи дин ба қавмият аҳамият намедоданд. Ҷаҳони ислом дар тасаввури онҳо аз Рум (Осиёи Хурд), Мовароуннаҳр (Осиёи Миёна), Аҷам (Эрон) ва Миср иборат буд. Онҳо тақрибан аз асри XV худро румиён, пайравони Византия меномиданд. Дар ҳамон вақт ҳукумати Усмониро ба тарзи аврупоӣ Порта (дарвоза бо забони фаронсавӣ) меномиданд. Этнонимҳои "румӣ" ва "усмонӣ" ("румиён" ва "усмониҳо") муродиф (синоним) буда, мутаалиқ будан ба давлатро ифода мекарданд, на қавмиятро.

Забони усмониён "усмонӣ" номида мешуд ва зери таъсири забонҳои форсӣ ва арабӣ қарор дошт. Ашрофон (ба мисли Ҳиндустон) бо забони форсӣ гап мезаданд.

Барои султонҳо муҳим буд, то дар зеҳни мардум инро ҷой кунанд, ки ватани онҳо Осиёи Хурд, вориси империяи Руми Шарқӣ аст. Ҷое, ки аҷдоди онҳо - туркҳои оғуз (ватанашон даштҳои Муғулистон ва Осиёи Миёна) дар асри XI бо рехтани хуни зиёди худиҳо ва бегонаҳо онро забт кардаанд.

Парҳез аз таъкид ба баромади туркии худ шарти нигоҳ доштани қудрат дар Анадолу (Анатолия) буд, ки бо обҳои Баҳри Миёназамин ва Баҳри Сиёҳ иҳота шуда, илова бар туркҳо аз қавмҳои ғайритурку ғайримусулмон - юнониҳо, арманиҳо, славянҳои ҷанубӣ, яҳудиён ва ғайра - иборат буд. Империяи Усмонӣ давлати миллии туркҳо набуд.

Идома дорад

Аз Идора: Матолибе, ки дар гӯшаи "Блогистон" ба нашр мерасанд назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

XS
SM
MD
LG