Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мизбони меҳмоннавозтарини Осиёи Марказӣ?


Паноҳҷӯёни афғон ҳангоми таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон
Паноҳҷӯёни афғон ҳангоми таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон

Аксари муҳоҷирину паноҳандагони Афғонистон дар чанд маҳаллаи шаҳри Ваҳдат, дар канори Душанбе зиндагӣ мекунанд. Зеро дар Тоҷикистон онҳо ҳақ надоранд дар пойтахт ва маркази вилоятҳо иқомат кунанд.

Ҳарчанд Тоҷикистон дар як таҳқиқоти ахири Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон, меҳмоннавозтарин кишвари Осиёи Марказӣ барои гурезаҳои афғонистонӣ дониста шуда, баҳои баланди ин ниҳодро соҳиб шудааст.

Шаҳида Ноибхели бознишаста, ки 9 моҳ пеш аз Кобул ба Тоҷикистон паноҳанда шудааст, мегӯяд, ба ҷуз депорт, мақомоти Тоҷикистон бо онҳо мушкили дигаре надоранд.

«Вазъияти мо хуб аст. Вале ҳоло депорткунӣ хеле зиёд шуда. Мушкили ҷиддӣ аст. Танҳо мардонро депорт мекунанд, ба занону кӯдакон ғаразе надоранд»,-мегӯяд хонум Ноибхел.

Ҳарчанд паноҳандагони афғонистонӣ дар суҳбатҳои бидуни микрофон аз мушкилоташон зиёд мегӯянд, аммо бо расонаҳо бисёр боэҳтиёт ҳарф мезананд. Дар ним соли ахир мушкили асосии муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон депорт, ё ихроҷи дигарбораи онҳо ба ватанашон аст.

Танҳо дар моҳи декабри 2024 наздик 80 шаҳрванди Афғонистонро аз кишвар ихроҷ кардаанд, ки 37 тани онҳо паноҳанда будаанд. Ин кор боис шуд, ки моҳи январ Комиссариати олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон ду бор аз ин кор изҳори нигаронӣ кард ва аз Душанбе хост ин корро бас кунад. Ба гуфтаи ин ниҳод, муҳоҷирини Афғонистон ҳама санади паноҳандагӣ доранд ва ихроҷи онҳо “мухолифи қонун дар бораи паноҳҷӯён дар Тоҷикистон аст”.

Тоҷикистонро барои паноҳҷӯён таъриф кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Мақомоти Тоҷикистон ба нигарониҳои муҳоҷирину паноҳандагони Афғонистон ва талабҳои Созмони Милал расман вокуниш намекунанд. Аммо раиси Маркази тадқиқоти стратегии вобаста ба президенти Тоҷикистон, моҳи феврал дар як нишасти хабарӣ, ихроҷи шаҳрвандони Афғонистонро ба вайрон кардани қоидаҳои иқомат марбут донист.

«Давлат низому як тартиби муайяни ҳуқуқиеро барои нафароне, ки ин ҷойро ҳамчун ҷойи сукунат интихоб мекунанд, тақозо менамояд. Бинобар ҳамин, риояи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ дар рафтори тамоми нафароне, ки дар ин қаламрав ҳаёт мебаранд, гумон мекунам, ки муҳим аст»,-гуфт Хайриддин Усмонзода.

Дар ҳамин ҳол, баръакси нигарониҳои чанд моҳ пеш, Комиссариати олии СММ дар умури паноҳандагон Тоҷикистонро дар миёни 11 кишвари минтақаи Осиё Уқюнусия дар мақоми аввал донистааст, ки аз ҳама муносибати хуб бо муҳоҷирину паноҳандагони Афғонистон дорад.

Ин таҳқиқоти СММ шароити иҷтимоиву иқтисодии оворагони дохилӣ ва шахсони бетобеият (бешаҳрванд)-ро бо шумули се кишври Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар бар мегирад, ки аз охири соли 2022 ҷобаҷо шудаанд.

Тоҷикистон барои хеле зуд соҳиби санадҳои эътибори ҳуқуқӣ, аз ҷумла шаҳодатномаи таваллуд, гувоҳиномаи никоҳу асноди дигар шудани паноҳандагон ин мақомро соҳиб шуда, ягона кишваре дониста шуда, ки дар он муҳоҷирон сад дар сад сабти ном шудаанд.

Сулаймон Суруш, муҳоҷири афғонистонӣ, ки дар Тоҷикистон донишгоҳ хондаву ба таҳқиқоти илмӣ машғул аст, мегӯяд ягона мушкил дар замини кор ин аст, ки муҳоҷирону паноҳандагонро дар ниҳодҳои давлатӣ ба сахтӣ ба кор мепазиранд.

«Суҳулатҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳар паноҳандаи афғон агар бихоҳад чӣ дар мактаб, чӣ дар донишгоҳ ё дар ҳар ниҳоди таҳсилӣ бемушкил ба таҳсили худ идома медиҳад. Барои вориди таҳсил шудан роҳ бисёр осон аст. Инчунин дар бахши кору пешбурди зиндагӣ. Гарчанд шояд дар баъзе соҳаҳо баъзе маҳдудиятҳо бошад, вале дар кулл дар соҳаҳои корхонаҳои шахсӣ метавонанд озодона кор кунанд»,-мегӯяд Суруш.

Аз се ду нафари паноҳҷӯёне, ки тавассути Комиссари паноҳандагони олии СММ пурсида шудаанд, гуфтаанд, ки «аз ҳуқуқи истифодаи амни хона» таъминанд, дар ҳоле, ки дар кишварҳои дигар ин мушкили ҷиддӣ будааст. Тоҷикистон ҳамчунин шароити беҳтари дастрасӣ ба тибро нисбат ба ҳама ҳамсояҳояшро фароҳам карда, ки 94 дар сади паноҳандаҳон гуфтаанд имкони доимии дастрасӣ ба хидматрасониҳои тиббиро доранд.

Бекорӣ дар миёни муҳоҷирони афғонистонӣ дар Тоҷикистон 17 дар садро ташкил медодааст. Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз ҳисоби фарогирӣ ба таҳсил барои фарзандони паноҳандагон қафо монда, дастрасӣ ба мактабҳои ибтидоӣ 25 ва миёна 22 дар садро дар бар мегирифтааст.

Дар Қазоқистон ин шохис 71/100 ва дар Қирғизистон 77/87 дар сад будааст. Аммо дар Тоҷикистон ба фарқ аз кишварҳои дигар, муҳоҷирини Афғонистон мактаби худро бо номи «Сомониён» доранд, ки дар ин авохир ба мушкилоти ҳуқуқӣ рӯ ба рӯ шуда, дар марзи басташавӣ қарор дорад.

Дар Тоҷикистон бино ба омори расмиву ғайрирасмӣ, наздик ба 13-15 ҳазор муҳоҷирину паноҳандагони Афғонистон ба сар мебаранд. Теъдоди онҳо пас аз дубора ба қудрат расидани Толибон ба шиддат зиёд шудааст. Муҳоҷирин Афғонистон дар шаҳрҳои Ҳисор, Ваҳдат, ноҳияҳои Рӯдакиву Шаҳринав ва Ҷалолиддин Балхиву Ҷаббор Расулов зиндагӣ мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG