Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қиссаи духтаре, ки дар Кобул аккумулятор месозаду мефурӯшад


Қиссаи духтаре, ки дар Кобул аккумулятор месозаду мефӯрушад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Қиссаи духтаре, ки дар Кобул аккумулятор месозаду мефурӯшад

Як духтари афғонистонӣ тиҷорати хурдеро ба роҳ монда, сокинонро бо барқ таъмин мекунад. Заҳро Алии 22-сола дар устохонаи на чандон калон дар Кобул аккумулятор ё дастгоҳи барқдиҳанда истеҳсол мекунад.

Толибон дар Афғонистон кору таҳсили занонро манъ кардаанд, вале дар кишваре, ки мушкили барқ дорад, ба маҳсули кори Заҳро ниёз аст. Батарейҳои тавлидкардаи ӯ харидори зиёд дорад.

“Тавлидоти мо беш аз ҳад аст. То ҳадде аст, ки мо наметавонем бо супоришҳое, ки аз мардум мегирем, ба дурустӣ расидагӣ кунем. Афғонистон дар масъалаи барқ мушкилоти худро дорад,”—гуфт ӯ.

Муштариён метавонанд ин бастаи аккумуляторҳоро бо барқ нерӯ диҳанд ва дар лаҳзаҳои бебарқӣ аз он истифода баранд.

То бозгашти дубораи Толибон ба сари қудрат дар соли 2021 Заҳро дар Донишкадаи технологии Ҳирот таҳсил мекард. Ҳоло занон дар Афғонистон дигар ҳаққи таҳсил дар донишгоҳу донишкадаҳоро надоранд. Кор берун аз хона ва дар бисёре аз соҳаҳо ҳам барои онҳо манъ аст.

Зӯҳро Алӣ гуфт, “кор кардан дар шароити феълӣ осон нест. Мубориза мехоҳад, тавоноӣ мехоҳад. Ман мушкилоти зиёдеро пушти сар кардам, ки тасмим гирифтам шурӯъ ба ин кор кунам ва даромад аз худам дошта бошам, то бори душе барои оилаву дӯстонам набошам.”

То ғасби ҳукумат аз сӯйи Толибон ҳам дар Афғонистон шумори заноне, ки дар самти илму технология фаъолият мекарданд, кам буданд. Дар ҷомеаҳои суннатие мисли Афғонистон аксарият бар ин боваранд, ки корҳои техникӣ хоси мардон аст. Заҳро зидди ин ақида аст. Мехоҳад дар ҳамин риштаи интихобкардаи худ корро идома диҳад.

“Бахши пружаи повербонк ё сохту соз танҳо барои мардон нест, яъне бонувон ҳам метавонанд, талош кунанд, заҳмат бикашанд ва кор кунанд дар ин бахш,”—гуфт ӯ.

Толибон соли 2021 Афғонистонро ишғол карданд. Ҳукумати Толибонро ҳеч кишвари дунё ба расмият намешиносад, чун ин гурӯҳ ба занон иҷозаи кору таҳсил намедиҳанд ва ҳуқуқи инсонро поймол мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG