Даҳҳо қонунгузори амрикоӣ рӯзи 25-уми март аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, хостанд, то фармони иҷроии худро барои бастани Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM) бекор кунад.
Ба гуфтаи онҳо, ин иқдом таъсири вайронгаре бар расонаҳои зери чатри ин ниҳод, аз ҷумла Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хоҳад гузошт ва танҳо ба рақибони Амрико ба монанди Русия, Чин, Эрон ва Кореяи Шимолӣ кумак мекунад.
Номаро беш аз 40 узви Конгресс имзо кардаанд. Дар он омадааст, ки қатъи кори Оҷонси расонаҳои байналмилалии Амрико (USAGM) ба эътибор ва ҷойгоҳи Иёлоти Муттаҳида дар саросари ҷаҳон осеб мерасонад.
Муаллифон гуфтаанд, агар USAGM баста шавад, аз Гавана гирифта то Каракас ва аз Минск то Теҳрон миллионҳо нафар дар ҷомеаҳое, ки озодии расонаҳо дар он маҳдуд аст, аз дастрасӣ ба маълумот маҳрум хоҳанд шуд. Дар идома аз раисҷумҳури Амрико хоста шудааст, ки фармони худро бозбинӣ кунад.
Билл Киттинг (Bill Keating), намояндаи демократҳо аз аёлати Массачусетс ва узви зеркумитаи Кумитаи робитаҳои хориҷии Маҷлиси Намояндагони Амрико дар мавриди Аврупо гуфт, ки Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, Садои Амрико, Радиои Осиёи Озод ва расонаҳои дигаре, ки зери назорати USAGM ҳастанд, “ҳамчун абзори нарми қудрати Амрико” хидмат мекунанд, ки мардум метавонанд дар ҷомеаҳои баста ба маълумот дастрасӣ пайдо кунанд.
Киттинг дар баёнияи худ фармони иҷроии Трампро аз рӯзи 14-уми март “бепарвоёна” хонд ва гуфт, “фаъолияти Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба ҳадде қудратманд аст, ки режимҳо дар Эрон, Русия ва Чин онро ҳамчун таҳдид ба амнияти миллӣ, маҳкум мекунанд”.
Дар ин нома омадааст, ки расонаҳои зери чатри USAGM дар умум нақши таърихӣ ва муҳимро дар пешниҳоди хабарҳои дуруст ва фарогир ба кишварҳое иҷро мекунанд, ки фазои озод ё озодии матбуот надоранд.
“Бастани Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ба ҳукуматҳои Русия, Беларус, Эрон ва Осиёи Марказӣ ин имконро медиҳад, то паёмҳои таблиғотии худро бе тарс ва посухгӯӣ нашр кунанд,” -омадааст дар ин нома.
Ин нома дар ҳамон рӯзе фиристода шуд, ки як додраси амрикоӣ дастуре ба нафъи Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ алайҳи USAGM содир кард ва аз ин ниҳод хост, як қисми пулҳои аз ҷониби Конгресс ҷудошуда барои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодиро бипардозад.
Қарори додгоҳ аз 24-уми март ба ин маъност, ки РАО/РО маблағеро дар ҳаҷми 7,46 миллион доллар дарёфт мекунад ва ин пулҳо фаъолияти расонаро дар муддати 1 то 14-уми март дар бар мегирад.
Амри боздошта шудани маблағгузории РАО/РО рӯзи 14-уми март чанд соат баъд аз як дастури президент Доналд Трамп содир шуд, ки ба коҳиши ҳадди аксари харҷу кори ҳафт идора, аз ҷумла USAGM мувофиқи қонунҳо амр дод. Додани гранти кори РАО/РО бар асоси як номаи Кэри Лейк боздошта шуд, ки вазифааш мушовири аршади мудири муваққати USAGM ёд шудааст.
Трамп Лейкро ба вазифаи раиси “Садои Амрико” пешбарӣ кардааст, вале номзадии ӯро бояд Шӯрои машваратии суханпарокании байнулмилалӣ тасдиқ кунад. Аъзои ин шӯро баъди барканориашон аз ҷониби Трамп дар моҳи январи имсол дигар то ҳол нав карда нашудаанд.
“Садои Амрико” ва USAGM идораҳои федеролӣ ва РАО/РО як ниҳоди ғайридавлатӣ ба шумор меравад. Бо ин ки ин муассиса аз ҷониби Конгресс сармоягузорӣ мешавад, кормандони РАО/РО мақоми коргарони давлатӣ ва федеролиро надоранд.
Трамп, ки гуфтааст, бо харҷҳои беҳудаи давлатӣ мубориза мебарад, дар давраи аввали раёсатҷумҳуриаш бо USAGM дар робита бо масъалаи мустақил будани сиёсати таҳририяи он ва ҳам мудирияти барномаҳо даъво кардааст.