Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шохаи Хуросон" то куҷо хатар дорад?" Баҳси боздошти 8 тоҷик дар Амрико


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Чанд узви Сенат, зинаи болоии Конгресси Амрико, боздошти 8 зодаи Тоҷикистонро дар Иёлоти Муттаҳида бо гумони иртибот бо гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" ва хатари шохаи "Хуросон"-и он баррасӣ кардаанд. Хабари дастгир шудани тоҷикон 12-уми июни имсол расонаӣ гардид, вале ҳувияташон ошкор нашуд.

Тед Круз, сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Техас, дар ҷаласае аз Трейси Энн Ҷейкобсон, сафири собиқи Амрико дар Тоҷикистон (2006-2009), пурсидааст, ки то чӣ ҳад пайравони шохаи "Хуросон"-и ДОИШ хатарноканд?

Хонум Ҷейкобсон, ки ҳоло дар мақоми наве дар Департаменти давлатӣ кор мекунад, гуфтааст, ДОИШ ҳам барои минтақа (манзур Тоҷикистону ҳамсояҳояш), ҷаҳон ва Амрико хатар дорад. Вай ҳамзамон илова карда, ки аз боздошти тоҷикон танҳо аз расонаҳо хабар ёфт. Навори ин ҷаласаро моҳе пеш дар Интернет гузоштаанд.

Ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ дар се соли гузашта масъулияти чанд ҳамлаи маргборро дар Афғонистон ба уҳда гирифт. Аъзои гурӯҳ аксаран аз ҳисоби шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таркиб ёфтааст.

Дар идома Тед Круз пурсид, оё шохаи "Хуросон" ҳамон гурӯҳи террористиест, ки сабаби марги 145 нафар дар толори консертӣ дар Русия шуд? Трейси Энн Ҷейкобсон гуфт, "бале, ба фаҳми ман, дар он амалиёт дар Маскав тоҷикон даст доштанд". Ин ҳодиса моҳи март дар канори Маскав рӯй дод. Беш аз даҳ зодаи Тоҷикистон ба гумони тарҳрезӣ, иҷро ва ҳамкорӣ дар он дастгир шуда, аммо аксарият худро бегуноҳ донистаанд.

Сипас сенатори ҷумҳурихоҳ аз сиёсати муҳоҷирати ҳукумати президент Ҷо Байден интиқод кард, ки ба иддаои ӯ "марзҳои ҷанубиро ба рӯйи 11 миллион муҳоҷири беҳуҷҷат боз кардааст". Вай гуфт, мақомот ҳатто муҳоҷирони беҳуҷҷатеро раҳо кардаанд, ки бо гурӯҳҳои террористӣ иртибот доранд. "Аз замони ҳамлаҳои 11-уми сентябри 2001 ҳеч гоҳ хатари ҳамлаҳои террористӣ дар Амрико то ин ҳад баланд набуд," -- афзуд ӯ

Пештар баъзе аз вакилони дигари Конгресс ҳам дар ин бора аз мақомоти интизомии Амрико посух хоста буданд. Рӯзи 13-уми июн Ҷери Моран, сенатори ҷумҳурихоҳ аз аёлати Канзас, бо навиштани номае ба Кристофор Рей, раиси Бюрои тафтишотии Амрико (FBI), пурсид, чӣ гуна санҷиши муҳоҷирон дар марз иртибот доштани ин 8 боздоштшударо бо гурӯҳҳои террористӣ ошкор накард?

Кристофор Рей ҳафтае қабл аз он дар назди вакилон дар робита ба хатари даромадани террористони эҳтимолӣ аз марзҳои ҷанубии Амрико зери ниқоби паноҳҷӯ суҳбат карда, гуфта буд, имкон дорад харобкорон аз ҳуҷҷатҳои сохта истифода кунанд.

Дар ду соли охир садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон тавассути Мексика вориди Амрико шуда, аз ин кишвар паноҳандагӣ хостаанд. Муҳоҷирони тоҷик дар Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, баъд аз боздошти 8 зодаи Тоҷикистон муносибат бо онҳо тағйир наёфт, вале санҷиш зиёд шуд.

Ҳукумати Амрико моҳҳо пеш шароити вуруди муҳоҷиронро ба ин кишвар сахттар кард. Аз ҷумла, президент Ҷо Байден дастур дод, муҳоҷироне, ки аз марз беҳуҷҷат мегузаранд, дарҳол ронда шаванд. Қаблан афсарони Идораи муҳоҷират ҳаққи ихроҷи муҳоҷиронро надоштанд ва танҳо додгоҳ чунин ҳукм мебаровард.

XS
SM
MD
LG