Раҷаби Мирзо,
рӯзноманигор ва таҳлилгар
Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"
Охири ҳафтаи гузашта барои гирифтани корти бонкӣ ба дафтари марказии "Ориёнбонк" рафтам. Хабари ҷолиб ин буд, ки гуфтанд онҳо то ду моҳи дигар ба касе корти бонкӣ дода наметавонанд. Дар берун бо ҳамкасбам Назири Нусрат вохӯрдам. Нав ҳолпурсӣ кардем, ки ӯ гуфт, "бубин, аз он тараф Собир Валиев меояд". Манзураш ҳамон фаъоли гурӯҳҳои мухолиф дар Аврупо буд, ки чанд рӯз пеш хабари бозгашт ва афви ӯ аз сӯи мақомоти тоҷик расонаӣ гашт.
Собир Валиев ҳам, ки бо нафаре дигар ҳамроҳ буд, ба "Ориёнбонк" дохил шуд, вале аз он ҷо танҳо ва зуд баргашт. Ҳангоми берун шудан аз бинои бонк маро дид ва пеш омад. Қаблан мо шахсан ошноӣ надоштем, аммо падарашро хуб мешинохтам.
Ба Собир бозгашташро бо Тоҷикистон табрик гуфтам ва пурсидам чӣ барномаҳо дорад? Гуфт, мехоҳад тиҷорати худро дубора дар кишвар роҳандозӣ намояд ва акнун ба сиёсат коре нахоҳад дошт.
Гуфтам, ки шояд кори дурусте ҳам мекунӣ ва ба кӯчаи марказии пойтахт ишора кардаму пурсидам, оё бӯе аз интихобот меояд?
Бо табассум посух дод, ки "не" ва ҳамин вақт он ҳамроҳаш, ки дар бинои "Ориёнбонк" қарор дошт, ба берун баромаду мо хайрухуш кардем.
Аммо дар бораи сабабҳои чунин ҳолат боре фикр кардаед?
Сабаби 1: Вақте интригаро намебинем...
Аслан Тоҷикистон хеле шуд фазои интихоботӣ надорад. Ин кишварҳои пешрафтаанд, ки интихобот дар онҳо як маъракаи зуд тамомшаванда нест. Раванди беохир аст. Ҳизбу шахсиятҳои матраҳ 5 сол ҳамеша дар талошанд, то ҳар як овози интихобкунандаро соҳиб шаванд, чун раъйи ҳар одам хеле муҳим аст ва метавонад тақдирсоз ҳам бошад. Маъракаи интихобот танҳо мавсими ҷамъоварии раъйҳост ва барои ба ҷониби худ ҷалб кардани одамоне ҳам хизмат мекунад, ки шояд дар ин давра аз ҷониби ҳизбу шахсияти дигаре тасхир шудаанд. Барои ҳамин номзадҳо барномаҳои ҷолиб таҳия мекунанд, услубҳои ҷолиби интихоботиро роҳандозӣ менамоянд, иқдомҳои таваҷҷӯҳбарангез анҷом медиҳанд...
Дар Тоҷикистон бошад, ба назар мерасад, ки интихоботҳо мӯҳлат доранд ва ба як маъракаи дилбазан, ки раванди аллакай маълумшударо соҳиб аст, табдил меёбад: Президент онро бо фармони худ оғоз мебахшад ва раиси Комиссияи марказии интихобот як рӯз пас аз баргузории маърака онро ҷамъбаст менамояд. Тамом...
Интрига ё муаммои асрорангезро тақрибан касе интизор надорад. Аз ҳамин ҷост, ки ҳатто роҳбарияти ояндаи порлумонро пешгӯӣ мекунанд ва ҳеч вақт нашудааст, ки дар ин фарзияҳо касе иштибоҳ карда бошад.
Як сабаби асосии бетафовутии мардум ба интихоботҳо маҳз ҳамин аст: вуҷуд надоштани интрига!
Вуҷуди интрига ё муаммои аз қабл номаълум дар илми сиёсат ва ҷомеашиносӣ бисёр муҳим аст. Интихоботҳо ҳам барои ҳамин вуҷуд доранд, то мардум аз байни шахсу гурӯҳҳои мухталифи иҷтимоӣ, ки барномаҳои ҷиддиву ҷолиб доранд, интихоб карда тавонанд, бо ҳам баҳс кунанд, ҳис намоянд, ки овози онҳо муҳим аст. Ин ҷараёни дар назари аввал оддӣ ду моҳият дорад:
- Одамонро ба оянда, ки дигаре онро муҳимтар сохта метавонад, умедвор мекунад;
- Эҳсоси ватандӯстии одамонро, ки овозу мавқеъгирии ҳар кадомашон муҳим аст, қавӣ мегардонад.
- Ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳамин гуна ҳосил мешавад ва рушди давлатҳоро таъмин мекунад...
Сабаби 2: Вақте мухолифати ҷиддӣ нест
Дар анҷумани пешазинтихоботии ду ё се ҳизби фаъоли сиёсӣ иштирок доштам. Баъзан вақт шубҳа пайдо мекардам, ки дар анҷумани як ҳизби мухолиф қарор дорам: "Сиёсати хирадмандонаи Пешвои Миллатро дастгирӣ мекунем", "Вазифаи мо кумак расонидан ба ҳукумат аст" ва ғайраву ҳоказо. Ҷолиб аст, ки дар ин маъракаҳо насли ҷавон ҳам кам набуд ва гуфтаҳои болоро аз коғаз мехонданд. Тахмин задан мумкин буд, ки ба толори ҷаласа ё барои “ороиш” оварда шудаанд, ё онҳо воқеан чизи наве мехоҳанду ба онҳо бовар надоранд. Аз ин хотир, маҷбур мешаванд аз рӯи коғаз матни қаблан навиштаро барои ҳозирон хонанд...
Вагарна саволи мантиқие пеш меомад: агар аз сиёсатҳои ҳукумат ҷонибдоранд, пас, чаро ба ҳизби ҳоким напайванданд?
Зимнан, посухи раҳбарони ҳизбҳо, ки мегӯянд ҷавононро мутақоид кардаанд, ки танҳо ба воситаи пайвастанашон ба ин ҳизбҳо метавонанд дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунанду карйераи худро таъмин, розӣ шавед, "посухи зебоест"-у бас. Дар акси ҳол, фикр накунам, ки ҲХДТ барои худ меъёри ҳадди ниҳоии 500 ҳазор аъзо қабул карда бошаду ин насли ҷавонро аз худ дур намояд.
Вале раҳбарони ҳизбҳои сиёсии бигзор ба ҳукумат мувофиқ, метавонанд рисолати дигареро анҷом диҳанд. Ҳадди ақал, агар ягон сохту сози ҳизбӣ доранд, ин ҷавононро метавонанд дар рӯҳияи “фикри каме дигар доштан” тарбия намоянд. Зеро масъулони бархе аз ба истилоҳ нерӯи сиёсӣ танҳо дар паси саволи “Оё Шуморо мухолифи ҳукумат гуфтан мумкин аст?” талхакаф мешаванд. Сабтҳо дорам...
“Ин каме дигархелтар фикр доштан” -ро лоақал мумкин аст дар сурати доштани идеяи тоза анҷом дод. Оё чунинҳоро дорем?
Сабаби 3: Вақте бӯҳрони идеяҳо ҳукмфармост...
Хуб, идеологҳои ҳукумат мегӯянд, ки “оромиш”-и интихоботӣ ба он рабт мегирад, ки дар мо акнун рақобати идеологӣ вуҷуд надорад. Ҳадафашон ба эҳтимоли қавӣ натиҷаҳои интихоботи порлумонии соли 2015 аст, ки намояндаҳои ҲКТ ва ҲНИТ ба порлумон ворид нашуданд, ё раъйпурсии соли 2016, ки вуҷуди ҳизбҳои диниву атеистиро дар Қонуни асосӣ мамнӯъ эълон намуд. Аслан барои элитаи ҳукмрон "мавзӯи дунявият" аз замони музокира бо мухолифони сиёсӣ – мазҳабӣ дар солҳои 90-и асри гузашта як масъалаи принсипиалӣ буд. Ин мавзӯъ он замон боис ба баҳсҳои ҷиддӣ ва ранҷишҳои сахт ҳам гашт. Пас, аз маъракаҳои солҳои 2015 ва 2016, мисле ки ин гуна баррасиҳо заминаи ҳуқуқӣ гирифтанд. Акнун барои ҳукумат, рақиби идеологӣ боқӣ намонд ва онҳое, ки ҳастанд, бештар аз як ҳамкору шарик чизи бештаре нестанд. Яке аз таҳлилгарони ҳукумат дар ибтидои оғози интихоботи порлумонии имсол дар сомонаи “Ховар” муруре ба фаъолияти ҳизбҳои фаъол намуду Ҳизби аграриву ислоҳоти иқтисодиро “ғайрисиёсиву ғайриидеологӣ” ҳам ном бурд. Воқеан, пешопеши интихоботи порлумонии соли 2015 низ маҳз “Ховар” эҳтимол зада буд, ки ҲНИТ (он вақт ҳизби мамнӯъ эълон нашуда буд) ва ҲКТ ҷойгоҳи худро аз даст додаанд...
Ҳоло ҳам бубинем, ягон нерӯи мавҷудаи сиёсӣ бо ҳукумат “баҳси ҷиддӣ” надорад. Ғайр аз ҲСДТ, ки дар бораи “дасти дарози Президент” дар умури давлатдорӣ, тағйироти конститутсионӣ ва мавзӯъҳои барои ҳукумат нофораме чун қотеона ворид шудани Тоҷикистон ба Иттиҳоди АвруОсиё сӯҳбат мекунад.
Барои Ҳизби аграрии Тоҷикистон муҳимтарин масъала таҷдиди хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ бо хоҷагиҳои калон (мисли колхозу совхозҳои шӯравӣ, аммо дар қолаби нав), барои Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар мусоҳиба бо инҷониб ҷуръат карда, худро “ҳизби мухолиф” эълон кард, пешниҳоди дар буҷа ташкил намудани фонди захиравии “болишти амниятӣ” ва ҳангоми пеш омадани таҳдидҳои берунаву буҳронҳои молиявӣ истифода аз он ва мисли Русия ташкил намудани сармояи модарӣ (ба занҳое, ки тифл таваллуд мекунанд), барои ҲСТ таъмини адолати иҷтимоӣ (аммо бо кадом роҳу васила, шарҳ дода натавонистанд), коммунистон бошанд як милисаи собиқадорро раиси хуб интихоб кардаанд, ки аз сӯҳбатҳои сиёсӣ комилан дурӣ меҷӯяд, ё бо онҳо ворид несту “бархӯрди милисагӣ” мекунад...
Аз байни аҳзобе, ки онҳоро “кисагӣ” меноманд, танҳо раҳбари ҲДТ аст, ки талош дорад худро ба унвони як шахси мустақил намудор намояд. Аммо дар масъалагузорӣ эҳтиёткор аст ва дар мушкилоти мавҷуда маҳз ба заиф будани блоки иқтисодии ҳукумат ишора менамояд. Зимнан, бархе масъалагузориҳои дар зоҳир ҷиддӣ ҳам дорад: ташкили харитаи кону корхонаҳои Тоҷикистон, кам кардани қарзҳои бонкӣ ва пенияҳо, барҳам додани андоз аз чорвои хона, кам кардани воҳидҳои корӣ дар сафоратхонаҳои дигари Тоҷикистон дар хориҷаву равон кардани онҳо ба сафорати Русия, додани квотаи таҳсил ба муҳоҷирон, додани хӯроки яквақтаи ройгон ба мактаббачаҳо, барҳам задани низоми муҳокимаҳои назоратии судӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва ин ваколатро ба зимма гирифтани Суди олӣ (як мавзӯи аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баҳснок), ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани судяҳое, ки ҳукму ҳалномаашон бекор мешавад, ташкил намудани сохтори нав барои муҳокимаи арзду доди мардум...
Дар ҳақиқат, масъалагузориҳои иҷтимоӣ дар интихоботҳои кишварҳои пешрафта барои интихобкунанда муҳимтаранд. Масалан, кам намудани андозҳо ва суғурта дар кишварҳои ғарбӣ интихобкунандаро бештар ҷазб менамояд. Вале дар кишварҳое чун Тоҷикистон, ки мушкилоти системавӣ доранд, чунин мавзӯъҳо ҷиддӣ гирифта намешаванд. Зеро хостан чизи дигар аст, аммо бархӯрди ҳукумат муҳимтар.
Муаррифии номзаду аҳзоб ҳам бисёр ноаён аст. Ҳатто миқдори плакату овезаҳо аҳён -аҳён вомехӯранд. Мубаллиғони ҳукумат, вақте мегӯянд, ки ҳоло ҷои онҳоро усули камхарҷ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гирифтааст, медонанд, ки ин танҳо худсафедкунисту бас. Вагарна “интихоби Твиттеру Фейсбук” дар Амрико ҳангоми президент шудани Трамп комилан мавзӯи дигар аст. Дар сегменти тоҷикии Фейсбук танҳо плакату акси номзадҳо гузошта шудааст. На баҳси ҷиддӣ, ё ягон иқдоми онҳо. Фикр мекунед бо ин восита интихобкунандаро ҷалб кардан имкон дорад?
Усули “аз дар ба дар” (ё хона ба хона), ки дар интихоботҳои парлумонии солҳои 2010 ва 2015 хеле таъсирнок истифода шуданд, ё анҷом додани маъракаи “тақдими гул”, ки соли 2015 ҲНИТ ва баъд ҲХДТ карданд, ин дафъа зарурат нашуд. Ҳизби ҳоким фақат як маъракаи фурӯши маҳсулот ва дар он тақсим намудани варақаҳои таблиғотиро анҷом дод. ҲСДТ ва раиси он аксҳое аз вилояти Суғд монд, ки матолиби тарғиботии худро тақсим мекунад. Тамом. Имрӯз бошад, охирин рӯзи таблиғот аст. Пагоҳ бошад, "рӯзи хомӯшӣ" аст ва таблиғ манъ. Рӯзе, ки шояд барои ҳизбҳои хомӯши мо зарурат надорад...
Сабаби 4: Вақте "ҳавзаи гарм" надорем...
Интихоботҳои порлумонии солҳои 2000-2010 чанд ҳавзаи ба истилоҳ “гарм” доштанд. Соли 2000 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ рақобати ҷиддӣ байни раҳматии Аслиддин Соҳибназаров ва Саидқул Билолов, дар шаҳри Кӯлоб байни раҳматии Султон Қувват ва генерал Амирқул Азимов, соли 2005 - 2010 - 2015 – ҳавзаи Конибодом бо ҳузури Шокирҷон Ҳакимов (ки соли 2010 интихоботро то даври дуюм кашид), ҳавзаи Ашт – бо иштироки Муаттара Ҷӯрава, ки низ маъракаро ба даври дуюм бурд ва мисли ин...
Соли 2015 Саидҷаъфар Усмонзода аз Фархор вакил интихоб шуд ва то ҷое медонам иқдомҳое дошт. Аммо ин дафъа танҳо 2 раиси ҳизб аст, ки муддаии вакилӣ аз ҳавзаҳои якмандатианд: аз Восеъ Рустам Латифзода (ҲАТ) ва аз Мӯъминобод С. Абдуллоев, милисаи собиқадор (ҲКТ). Тахмин задан мумкин, ки онҳо аз ин ҳавзаҳо ба парлумон меоянд. Дигарҳояш мегӯянд ба рӯйхати ҳизбӣ таваҷҷӯҳи бештар кардаанд ва ҳадафашон “муаррифии ҳизб” аст. Ин ҳам як худсафедкунист, ба фикрам. Вагарна ҳизбҳои дар 5 сол маълумнашударо дар 50+ чанд рӯзи интихобот муаррифӣ намудан имкон дорад? Ин ҳам дар ҳоле, ки аксари ҳизбҳо бӯҳрони молиявӣ доранду танҳо ба вохӯриҳое худро андармон мекунанд, ки ҳавзаҳои интихоботӣ ташкил мекунанд. Яъне онҳо воқеиятҳои интихоботии Тоҷикистонро медонанд ва “худро ғам намедиҳанд”, чун “дар боло ҳар гунае ҳал карда бошанд, ҳамон тавр мешавад”?
Ин маърака мо ягон “ҳавзаи гарм” надорем. Ин ки Комиссияи марказии интихобот аз рақобати 241 номзад ба 63 курсии вакилии парлумонӣ мегӯяд, ба фикрам бештар барои “зебаш” (декоратсия) пеши кишвару созмонҳои хориҷист.
Сабаби 5: Вақте мардум ба вакилон бовар надоранд...
Ҳарчанд масъулони Маҷлиси намояндагон мегӯянд, ки танҳо соли гузашта шаҳрвандон барои вакилон бо 5736 арзу шикоят муроҷиат кардаанд, мешавад гуфт муболиғае беш нест. Онҳо ҳам дар шарҳи маълумоти худ гуфтаанд, ки ин омор дар паи муроҷиатҳои телефонӣ, хаттӣ, интернет ва даҳонӣ ҳосил шудааст. Аммо муроҷиатҳои бевосита, фикр мекунам, ками кам аст. Ба ҳар сурат, назарсанҷиҳо борҳо исбот намудаанд, ки одамон вакилони худро намешиносанд. Дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ бошад, “мактуб ба президент” ба жанри хос табдил ёфтааст. “Танҳо ба Шумо бовар дорем!” низ мағзи ин муроҷиатҳост. Вакилон, ки интихобашон “дар ҷои дигар” сурат гирифтааст, зарур намедонанд ба пеши мардум бираванд, бо онҳо сӯҳбати рӯ ба рӯ намоянд. Агар мераванд, ин мулоқотҳо бештар барои “шарҳи Паёми Президент” аст ва он ҳам бо ташаббуси ҳукуматҳои маҳаллӣ сурат мегиранд.
Ин ҳолатҳо вакилонро, ки мегӯянд рисолати онҳо танҳо ба таҳияи қонун равона шудааст, дар назди интихобкунанда ба як ниҳоди камтаъсир табдил дода, аз ин хотир баъзан хулосаҳоеро ҳосил кардааст, ки “пул хароҷот карда, интихобот гузаронидан ва 63 вакилро дар 5 сол бо маоши бузург таъмин кардан, зарур нест”.
“Боло худаш медонад” хулосаест, ки ҳатто раҳбарияти ояндаи Маҷлиси намояндагонро “интихоб” кардааст:
- Маҳмадтоир Зокирзода аз Рашт, ё Қодири Қосим аз Хоруғ (раис)
- Раъно Бобоҷониён ва Саймурод Фаттоҳзода (муовин).
Ин дар ҳоле, ки “интихоботи пуррақобат”, ки ҳукумат ба назар мерасад, онро умуман хуш надорад, барои пайдоиши элитаи ҳукмрон бисёр ҷузъи муҳим аст. Ба ҳар сурат, агар фазои демократии соли 1990 интихоботи пуршару шӯрро ба вуҷуд намеоварду Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун директори совхоз аз таҳдидҳои прокурори ноҳияи Данғара ва дастгоҳи ҳизбии ноҳия тарс пайдо мекарду аз маърака худро канор мегирифт, оё ӯ метавонист 28 соли ахир президенти бефосилаи як кишвар бошад?
Пас, фикр намекунед, тарс аз “маъракаҳои гарм” аз муаррифӣ дур мондани чеҳраҳои таъсиргузори дигар аст?
Ё ба ин ҳам ниёз надорем?
Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.