Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҷангҷӯёни ДОИШ дар панҷ сол 4100 касро куштаанд”


Раққа, Сурия, соли 2014
Раққа, Сурия, соли 2014

Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия рӯзи 29-уми июн дар гузориши наве гуфт, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ё ДОИШ дар панҷ сол дар Сурия 4100 нафарро куштаанд.

Ба қавли муаллифони гузориш, ин омор мавридҳои қатлро аз соли 2019 то соли 2024 дар бар мегирад. Яъне, баъд аз он ки ДОИШ минтақаҳои зиёдеро дар Сурия аз даст дод.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар соли 2014 бисёре аз гӯшаҳоро дар Сурия ва Ироқ зери назорат гирифта, дар он ҷо хилофати худро эълон карда буд.

Ҷангҷӯёни ДОИШ, ки дар сафи онҳо садҳо зодаи Тоҷикистон ҳам буданд, дар моҳи марти соли 2019 назоратро ба қисматҳои зиёд дар Сурия аз даст доданд.

Ин кор дар бо талоши курдҳо ва бо пуштибонии Эътилофи ба раҳбарии Амрико имконпазир шудааст.

XS
SM
MD
LG