Гурӯҳи “Толибон” дар Афғонистон ду сол пеш ба қудрат баргашт. Нерӯҳояш нашъамандонро аз кӯчаву хиёбон ё зери пулҳо дастгир карда, ба марказҳои дармони муътодон мебаранд. Оё корашон натиҷа додааст?
Онҳое, ки як марҳилаи дармонро сипарӣ кардаанд, ба хона бармегарданд, аммо бо изтиробу нигаронӣ. Ташвиши теъдоде аз онҳо бекорӣ ва бозгашт ба чанги нашъамандист.
Додуллоҳ, муътоди дармоншуда, мегӯяд, “фарз кунем, ки ҳамин ҳоло хона биравам. Як моҳ, ду моҳ кор набошад, маҷбур мешавам, боз ба мавод рӯ биёрам, ё боз биравам, чӣ кор кунам.”
Маркази муолиҷаи нашъамандон дар вилояти Ҳирот номи “Чаҳорҳазор бистар” ном дорад, аммо аксари онҳое, ки инҷо муолиҷа мегиранд, аз вилоятҳои дигар омадаанд. Теъдоди онҳое, ки қарор аст, ба хона баргарданд, ба 170 нафар мерасад.
Ғулом Расул, муътоди дармоншуда, гуфта: “Бисёриҳо дар инҷо ба сабаби бекорӣ муътод шудаанд. Кор нест, вазъият дар Афғонистон бад аст.”
Бар тибқи гузориши Созмони Милали Муттаҳид, Афғонистон соли 2024 бештар аз 400 тонна тарёк тавлид кардааст. Дар муқоиса ба соли гузашта 30 дар сад бештар.
Дар Афғонистон, ки бузургтарин тавлидкунандаи тарёк дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, миллионҳо нафар гирифтори нашъамандӣ ҳастанд. Ба иттилои Созмони Милал, хадамоти дармони муътодон дар 32 вилояти Афғонистон фароҳам шудааст, аммо аксар марказҳои муолиҷа, бо имкониятҳои андак кор мекунанд.
Аз бадрафторӣ ва шиканҷаи муътодон дар ин марказҳо ҳам гузориш шудааст. Ҳукумати “Толибон” ин гузоришҳоро рад карда, фароҳам кардани заминаи дармонро барои муътодон аз дастовардҳои худ медонад.
Ҳаётулло Рӯҳонӣ, мудири идораи мубориза бо маводи мухаддири Толибон дар Ҳирот, гуфт, “ҳоло мисли гузашта нест. Шумо дар шаҳру бозор дидед, ки як муътод нест. Мумкин аст, ки 10 ё 15 дар сади ин афрод дигарбора муътод шаванд.”
Мақомоти “Толибон” мегӯянд, ки дар марказҳои дармони нашъамандон солона ҳазорон нафар табобат мегиранд. Радиои Озодӣ батакрор бо касоне суҳбат кардааст, ки пас аз сипарӣ кардани давраи муолиҷа дигарбора ба тарёку банг рӯ овардаанд.
Аксари ин афрод сабабҳои гирифториро ба дарди пешина фақру бекорӣ ва дастрасии осон ба маводи мухаддир гуфтаанд.