Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти навбатии гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистону Қирғизистон


Акс аз khovar.tj
Акс аз khovar.tj

Дар шаҳри Ботканд мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории вобаста ба аломатгузории марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.

Хабаргузории расмии "Ховар" аз қавли КДАМ навишт, рӯзи 27-уми апрел дар шаҳри Ботканд мулоқоти навбатии гурӯҳҳои маконнигории марзи давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба анҷом расид. Ин ҷаласа аз 21 то 27-уми апрел дар қаламрави Қирғизистон ҷараён гирифт.

Ба навиштаи ин хабар, дар давоми як ҳафта ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷаласа "ҷонибҳо дар мавриди тавсифи гузариши хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда табодули назар намуданд", омадааст дар хабари расмӣ. Баррасии мавзӯъ дар ҷаласаи баъдӣ дар ҳудуди Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

Ҷузъиёти аз ин беш дода намешавад. Матбуот дар Қирғизистон ҳанӯз дар бораи ин ҷаласа чизе хабар надодааст.

Мақомоти Тоҷикистон моҳи феврал гуфтанд, дар паи музокираҳои фаъол ва муттасил бо Қирғизистон дар соли 2023, аз 980 км хатти сарҳад тахминан 90 % хатти марзи давлатии байни ду кишвар мувофиқа шудааст. Аз ҷумла, дар паи музокираҳои моҳи март гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини 10,76 километри дигари сарҳад розӣ шудаанд.

Ҷузъиёти музокираҳои ҳайатҳои байниҳукуматӣ аз матбуот пинҳон мемонад ва маълум нест, то ҳол мувофиқаҳои бадастомада бар асоси кадом шарт ҳосил шудааст.

Мақомоти баландпоияи Қирғизистон чандин бор гуфтанд, ки созишнома баҳори соли 2024 ниҳоӣ мешавад, вале мақомот дар Тоҷикистон дар бораи замони ба имзо расидани созиши марзӣ ҳеҷ гоҳ чизе нагуфтаанд. Бархе манбаъҳо дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло марҳилаи таъини мақоми қитъаҳои бисёр "ҳассос"-и марз ҷараён ва эҳтимолияти табодули қаламравҳо вуҷуд дорад.

Баҳси номуайян мондани қитъаҳои сарҳадӣ байни ду кишвари ҳамсоя солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи пурхушунати марзӣ шудааст, ки дар натиҷа ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қирғизистон даҳҳо нафар ҷон дода ваё маҷрӯҳ шудаанд. Сарҳади Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва равобити тиҷоратию маишии миёни ду мардум тақрибан ба ҳеҷ баробар шудааст.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG