Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Дағалӣ, латукӯб ва таҳқир". Номаи Омбудсмени тоҷик ба Москалкова


Умед Бобозода ва Татяна Москалкова
Умед Бобозода ва Татяна Москалкова

Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ки ҳамвора барои сукут дар баробари мушкили мардум танқид мешавад, аз поймолшавии ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Умед Бобозода рӯзи 10-уми октябр дар номае ба ҳамтои русаш Татяна Москалкова навиштааст, "кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз усулҳои мамнӯи муомила, аз қабили дағалӣ, латукӯб ва таҳқир истифода мекунанд."

Баъд аз ҳамлаи маргбор ба толори консертии "Крокус" дар канори Маскав, ки мақомоти Русия онро кори дасти муҳоҷирони тоҷик медонанд, азияту озори онҳо дар Русия афзуд ва дар камтар аз як сол тақрибан 20 ҳазор тоҷикро аз Русия ронданд.

Умед Бобозода гуфтааст, аксар вақт шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми даромадан ба Русия рӯзҳои зиёд "бидуни шароити дурусти нигоҳдорӣ ва ғизо" дар марз нигоҳ дошта мешаванд. Вай гуфт, дар байни ин афрод намояндагони ҳайатҳои расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон, занон ва кудакон низ ҳастанд.

"Барои риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия мусоидат намуда, ин гуна қазияҳоро зери назорат ва баррасии худ қарор диҳед," – хостааст Умед Бобозода аз Татяна Москалкова.

То ин дам посухи ҷониби Русия маълум нест. Ҳафтае пеш Марат Ҳуснулин, муовини сарвазири Русия, дар ҷараёни сафараш ба Душанбе гуфт, "бояд як чизро аниқ дарк кард, ки дар кишвари мо дигар муҳоҷирати ғайриқонунӣ нахоҳад буд. Яъне, мо ба тартиб медарорем. Ба нерӯи корӣ зарур аст, вале онҳо комилан қонунӣ хоҳанд буд".

Тайи ҳафтаҳои охир норозиятҳои мансабдорони Тоҷикистон аз тарзи рафтори мақомоти Русия бо муҳоҷирон афзудааст. Сарвазир Қоҳир Расулзода рӯзи 4-уми октябр аз бадрафторӣ бо муҳоҷирони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ кард.

Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти ҳамтоёнаш аз кишварҳои узви ИДМ дар Маскав аз нақзи ҳуқуқи тоҷикон, бавижа донишҷӯёну муҳоҷирон хабар дод. Ӯ бе зикри номи кишваре гуфт, "бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст."

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтишу боздошти онҳо афзудааст. Ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон иҷозаи вурудро ба Русия наёфта, ҳазорҳо нафари дигар дар фурудгоҳ дармонданд ва ё ихроҷ карда шуданд.

Тоҷикистон ва Русия ҳамдигарро шарики асосии стратегӣ медонанд. Тоҷикистон дар доираи чанд созмони минтақаӣ яке аз кишварҳои ҳамкору ҳампаймони Русия аст ва дар бештари маврид аз иқдомҳои ин кишвар ҷонибдорӣ мекунад. Бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар хориҷ низ дар Тоҷикистон ҷойгир аст.

XS
SM
MD
LG