Марко Рубио, котиби давлатии Амрико, рӯзи 29-уми апрел ҳушдор дод, ки агар Русия ва Украина барои хатми ҷанг дар Украина "пешниҳодҳои мушаххас" ироа накунанд, Иёлоти Муттаҳида аз миёнаравӣ даст мекашад.
Тэмми Брюс, сухангӯйи Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико, аз қавли Рубио гуфт, "вақти он расидааст, ки ду ҷониб пешниҳодҳои муайяне барои поён додани ин муноқиша ироа кунанд. Агар пешрафте набошад, Амрико ба миёнаравӣ дар ин раванд хотима медиҳад."
Дипломати амрикоӣ Ҷон Келли рӯзи 29-уми апрел дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Русияро ба идомаи хунрезӣ дар Украина гунаҳкор карда, бо таассуф гуфт, ки ҳамлаҳои густардаи ин кишвар сабаби "талафоти зиёди сокинони бегуноҳ" шудааст.
"Ҳоло Русия фурсати хубе барои расидан ба сулҳи пойдорро дорад," - изҳор дошт Келли ва афзуд, "раҳбарони ҳарду кишвар бояд тасмим бигиранд, ки оё расидан ба сулҳ имконпазир ҳаст ё на. Агар ҳарду ҷониб ҷангро бас кунанд, Иёлоти Муттаҳида пурра онҳоро дар роҳи расидан ба сулҳи пойдор пуштибонӣ мекунад."
Доналд Трамп, президенти Амрико, рӯзи 29-уми апрел дар посух ба суоли хабарнигори телевизиони "ABC" гуфт, фикр мекунад, раисҷумҳури Русия Владимир Путин мехоҳад ба ҷанг дар Украина поён бахшад.
Владимир Путин рӯзи 28-уми апрел дар пайванд ба иди пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон оташбаси серӯза эълон кард. Аммо раисҷумҳури Украина Владимир Зеленский гуфт, чаро барои эълони оташбас маҳз ҷашну идҳоро интизор шуд. Вай пешниҳод кард, ки оташбаси 30-рӯза эълон шавад.
Трамп ва намояндагонаш ба Украина фишор меоранд, то ба оташбас розӣ шавад. Онҳо ҳамчунин аз Русия даъват доранд, ки ба ҳамла алайҳи Украина хотима диҳад.
Раисҷумҳури Амрико дар мусоҳибаи худ бо телевизиони "ABC" гуфт, "вақте дид, ки Путин ба чанд шаҳру деҳаи Украина ҳамлаи мушакӣ анҷом медиҳад, нороҳат шуд."
Бино ба гузоришҳо, президенти Иёлоти Муттаҳида пешниҳод кардааст, ки бар иловаи табодули замин нимҷазираи ишғолшудаи Қрими Украина расман ҳамчун хоки Русия эътироф шавад. Зеленский қотеона зидди ба расмият шинохта шудани ғасби Қрим аз сӯйи Русия дар сатҳи байнулмилалӣ аст.
"Мо мехоҳем, ки ҷанг одилона, бе ҷоизасупорӣ ба Путин ва махсусан бе додани замин поён ёбад," – гуфт Зеленский рӯзи 29-уми апрел дар ҳамоиши видеоие, ки бо ташаббуси Лаҳистон (Полша) баргузор шуд.
Фаронса ва Бритониё дар Шӯрои амнияти Созмони Милал миёнаравии Амрикоро ситоиш карда, ҳамзамон аз Русия барои идомаи ҳамлаҳо бо истифода аз бесарнишин ба Днепру Харков интиқод карданд.
Сафири Русия дар СММ Василий Небензя ҳамлаи Русияро ба сокинони одӣ беасос хонд ва Украинаро ба он айбдор кард, ки низоми ягонаи дифои зиддиҳавоиро дар маҳалҳои сераҳолӣ гузошта, аз мардум чун сипари зинда истифода мекунад.
Вай Киевро барои мухолифат ба пешниҳоди сулҳи Амрико ва ҳамла ба сокинони ғайринизомии Русия муттаҳам карда, гуфт, барои ҷонибдорони ғарбии ҳукумати Зеленский пинҳон кардани эҳсоси “бераҳмӣ ва инсонситезӣ”-и худ торафт мушкилтар мешавад.
Маряна Бетса, муовини вазири корҳои хориҷии Украина, ба Шӯрои амният гуфт, Русия мехоҳад, Украина таслим шавад. Вай афзуд, ҳеч гоҳ минтақаҳои муваққатан ғасбшудаи Украина, аз ҷумла Қримро, ки Русия онро аз соли 2014 зери дасти худ нигаҳ медорад, эътироф нахоҳад кард.