- Максим, сарбоз: "Рости гап, намедонам чӣ мешавад. Дар ин се сол зиёд хаста шудаам."
- Евҳен, сарбоз: "Мехоҳам, ки ҷанг ба фоидаи мо ба поён расад ва ҳеч порча аз заминамонро надиҳем."
- Олексий, сарбоз: "Ман намегӯям, ки хеле хушбинам. Дар ин ҷанг душворӣ дар пеш аст. Ояндаи кишвар аз муборизаи мо вобаста аст."
Нерӯҳои ишғолгари Русия дар соли 2024 дар Украина ба оҳистагӣ пешрафт карданд. Ёрии кишварҳои ғарбӣ ба Украина сарнавиштсозанд, аммо бо дермонӣ мерасанд.
Артиши Украина бо тамоми тавон талош дорад, ки ҷилави пешравии низомиёни русро бигирад. Ҷо Байден, президенти Амрико, ки ба зудӣ ҷояшро ба Доналд Трамп медиҳад, дар рӯзҳои охирини кораш бастаи нави кумакҳоро ба Украина имзо кард.
Таҳлилгар Ҳлиб Волоски мегӯяд, "созишномаҳои бузурге аллакай имзо шудаанд ва дар ҳоли иҷро ҳастанд. Муҳиммоти истеҳсоли Амрико тибқи созишҳо давоми соли 2025 интиқол меёбанд, ҳатто агар кумакҳои нави дигар ҳам қатъ шаванд."
Доналд Трамп ваъдаи қатъи ҷангро додааст ва маълум нест, ки сулҳ бо чӣ шарте ба Украина бармегардад. Ӯ гуфта буд, ки дар як рӯз ҷангро қатъ мекунад, вале рӯзи 9-уми январ дар як суҳбаташ гуфт, шояд ҷанги Украина давоми шаш моҳ ба поён расад.
Бисёриҳо нигаронанд, ки Трамп Украинаро барои қатъи ҷанг ба даст кашидан аз заминҳои ишғолушда аз ҷониби Русия маҷбур мекунад. Владимир Зеленский, президенти Украина, гуфт, дар соли 2025 интизори “сулҳи одилона” аст.
Бо гузашти ду ҳафта аз оғози сол ҳанӯз ҳеч нишонае аз гуфтушунид барои сулҳ дида намешавад. Ҷанге, ки иқтисоди дунёро ба чолиш кашидааст, бо кушта шудани ҳазорони сарбози русу украинӣ идома дорад. Сулҳ бо чӣ шарте ба ин кишвар бармегардад, касе намедонад.
Видеоро дар инҷо бинед: