Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки то имрӯз танҳо дар ҷанги Сурия 30 шаҳрванди тоҷик ҷон бохтаанд.Ӯ мубориза бо равияҳои ифротиро як вазифаи муҳими ҳизби ҳокими халқии демократӣ унвон кардааст.
Масъулони Вазорати корҳои дохилӣ боздошти Қаҳрамони Шарифзодро таъйид карда, аммо гуфтаанд, ӯ дар қайди онҳо на овозхон, балки истеъмолгару фурӯшандаи маводи махаддир сабт шудааст.
Ваъдаи миллиардҳо доллар сармояи Чин ба иқтисоди Тоҷикистон оё аз ҷониби Маскав чӣ гуна қабул хоҳад шуд? Душанбе бояд дар дурнамо рӯи кадоме аз ин ду шарики стратегиаш тамаркуз кунад?
Раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ гуфт, кишвараш тарҳи бунёди нерӯгоҳи барқи обии "Айнӣ"-ро бар фарози рӯди Зарафшони Тоҷикистон баррасӣ мекунад.
Лаҳни равобити Тоҷикистону Эрон барои чанд соли оянда зоҳиран дар ҷараёни сафари дарпешистодаи Ҳасани Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон ба Душанбе рӯшан хоҳад шуд.
Кӯшиши мақомоти давлатӣ дар амри 50 ба 50 тақсим кардани бозори «Ином» - и Шаҳритус бо нокомӣ анҷом ёфт.
Раиси Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон мегӯяд, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой тадриҷан ба нерӯе табдил меёбад, ки сарнавишти ҷаҳонро ҳал мекунад.
Аксари сокинони Тоҷикистон то ҳол ба он бартарӣ медиҳанд, ки тарҳҳои энержии ин кишвар аз тарафи Русия амалӣ шаванд.
Гуфтугӯи ихтисосии хабарнигори Радиои Озодӣ бо Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон.
Дар як анҷуман дар шаҳри Душанбе масъалаи секюларизми миллӣ ва омили динӣ дар шароити давлати дунявӣ баҳс шудааст. Аммо суол ин аст, ки марзи дунявият дар шароити кишварҳои мусалмоннишине, чун Тоҷикистон, то куҷо бояд бошад?
Коршиносон мегӯянд, бо наздик шудани замони иҷрои Созишномаи Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё, ки онро "бачаи Путин" ҳам меноманд, ҳушдори ба истиқлолияти кишварҳо бештар мешавад.
Дар даврони пеш дар Осиёву Аврупо низомиён, фарзандони нухбагонро дар баробари санъати ҷангу давлатдорӣ, мусиқиву рассомӣ ва дигар ҳунарҳоро ҳам меомӯхтанд.
Ҳафтаномаи "Азия Плюс" ба хотири ҳалли баҳсаш бо гурӯҳи зиёиёни тоҷик 3 варианти раддия пешниҳод кардааст, вале даъвогарон мегӯянд, нашрия бояд аз онҳо узр бихоҳад.
Яке аз ҷамъиятҳои ҳомии муҳоҷирони тоҷик дар Русия мегӯяд, ки дар моҳи октябри соли ҷорӣ бо ҷалби ҳазорон мардикори тоҷик дар пойтахти Русия гирдиҳамоие ташкил хоҳад дод.
Кумитаи андози Тоҷикистон ширкати "ТТ Мобайл"-ро 94 миллион сомонӣ қарздор кардааст.
Нишасти сарони Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, ҷашни истиқлолият ва чанд чорабинии муҳими сиёсӣ дар ояндаи наздик бисёре аз раҳбарону вакилони мардумии Тоҷикистонро аз истироҳат маҳрум кардаанд.
Волии бонуфузи вилояти Балхи Афғонистон ва яке аз ҳомиёни номзади интихоботи президентии ин кишвар Абдуллоҳ Абдуллоҳ таҳдиди шӯриши зидди Кобул кардааст.
Мутахассион мегӯянд, бонкҳои Тоҷикистон ба мардум наздик нашудаанд ва ё мардум пул надоранд, ки дар бонкҳо гузоранд.
Мақомоти Вилояти Бадахшони Афғонистон мегӯянд, ду узви «Ҷамоаи Ансоруллоҳ», як созмони тундрав ва шарики Ал-Қоидаро куштанд.
Коршиносони тоҷик «армуғонҳо» -и зиёдеро аз нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой интизор доранд.
Ёфтҳои бештар