Ширкати "Барқи тоҷик" вокуниши Андрей Раппопорт, узви Шӯрои директорони ҷамъияти саҳҳомии «Интер РАО ЭС» ба даъвати Тоҷикистон дар мавриди ширкати Русия дар сохтмони нерӯгоҳи Роғунро мавқеи шахсӣ унвон кард.
Салмон Лангариев, падари Сӯҳроб Лангариев, ки баъд аз як амалиёти низомӣ дар шаҳри Кӯлоб дар рӯзи 27-уми май боздошт шуда, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад, аксари иттиҳомоти зидди фарзандашро рад кард ва талош дорад, дар гуфтугӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон, зиёдаравии нерӯҳои интизомиро ҳангоми ҳабси Сӯҳроб ва шариконаш мавриди баррасӣ қарор диҳад.
Исми Ҳасан Асадуллозода, райиси «Ориёнбонк», дубора дар саҳифаҳои расонаҳои давлатӣ зоҳир шуд.
Субҳи дирӯз, 25 май, барои ҳудуди 83 000 хатмкунандагони мактабҳои маълумоти ҳамагонии ҷумҳурии Тоҷикистон «занги балоғат» садо дод.
Масъулини ширкати Талко ба иддаои ширкати ҳуқуқии Ҳерберт Смити Бритониё, ки барои ҳимояташ 120 миллион доллар тақозо кард, расман посух надоданд.
Чаҳор навраси тоҷик, ки 20 рӯз боз дар асорати марзбонони ӯзбак буданд, озод шуда, музокирот барои раҳоии ду тани дигар идома дорад.
Ба гуфтаи Лян Гуан Ле, вазири дифоъи Чин, ин кишвар ва Тоҷикистон дар як қатор соҳаҳо ба муваффақиятҳое ноил шудаанд.
Қисмати умдаи ҳуҷҷату созишномаҳое, ки зимни сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Остона миёни Тоҷикистону Қазоқистон ба имзо расиданд, ба соҳаи иқтисодӣ рабт мегиранд.
29 апрели соли 1944 дар Кобул охирин амири сулолаи манғитиёни Бухоро аз дунё гузашт.
Нигоҳе ба матолиби расонаҳои ахбори ом
Нигоҳе ба матолиби нашрияҳои чопи Душанбе
Нигоҳе ба матолиби расонаҳои ҳамагонӣ
Нигоҳе ба матолиби бархе аз нашрияҳо
Нигоҳе ба матолиби ҳафтаномаҳои чопи Душанбе: Зойировро ба "бегонагӣ" айбдор мекунанд. Қазияи тирандозӣ дар Ғарм. Солрӯзи устод Айнӣ.
Бунгоҳи иттилооти русии «Росбалт» навиштааст, сарвати зеризаминии Тоҷикистон дар фазои собиқ Шӯравӣ беш аз ҳама омӯхта ва таҳқиқ шудааст.
Баррасии муҳимтарин матолиби нашрияҳои Ғарб ва Русия.
Сайри ҷаҳонии машъали олимпӣ ва бӯҳрони ҷаҳонии ғизоъ аз мавзӯъҳои калидии матбуоти Ғарб дар рӯзи гузашта буданд.
Ёфтҳои бештар