Имрӯз, ҳайати нозирони интихоботӣ аз ИДМ ба манзури назорат ба раванди баргузории интихоботи парлумонии Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад.
Намояндагони аршади Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шиносномаҳои нави электронӣ ё биометриро муаррифӣ карданд, ки сар аз 1-уми феврал ба шаҳрвандон дода мешаванд.
Се додраси Додгоҳи олӣ ва додгоҳи шаҳри Душанбе нашрияҳои "Фараж", "Озодагон" ва "Азия плюс"-ро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашидаанд ва барои ҷуброни маънавӣ аз онҳо 5,5 миллион сомонӣ товон хостаанд.
Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон эълом кард, ки аз якуми феврал маҳдудияти интиқоли неруи барқ ба манотиқи ин кишвар то андозае коҳиш хоҳад ёфт.
Бар пояи гузориши Кумиссиюни байнидавлатии ҳамоҳангсозии масоили оби Осиёи Марказӣ 8 миллиард метр мукааб захираи об дар қаламрави кишварҳои поёноб, ба хусус Узбакистон, қочоқ шудааст.
Бархе аз аҳзоби сиёсӣ таъхир дар раванди сабтиноми номзадҳои интихоботӣ аз сӯи Кумиссиюни марказии интихоботро нақзи муқарароти қонун арзёбӣ кардаанд.
Вазорати кишоварзии Тоҷикиситон иддаоҳо дар бораи ғайриқонунӣ масраф шудани маблағҳои буҷа тавассути ин ниҳоди давлатиро рад кардааст.
Имрӯз, 18-уми январ, миссияи нозирони интихоботии Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари САҲА (БДИПЧ) барои назорат ба раванди баргузории интихоботи парлумонии моҳи феврал дар Тоҷикистон фаъолияти расмии хешро оғоз кард.
Дар Тоҷикистон дар як соли ахир 37 узви созмонҳои динии мамнӯъ ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум шуда, алҳол муҳокимаи қариб 100 тан аз пайравони «Ҷамоати Таблиғ» ва 12 узви равияи салафӣ ҷараён дорад.
Додгоҳҳои низомӣ ва Коллегияи низомии Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар соли 2009 нисбати 760 нафар аз афсарон ва низомиён ҳукм баровардаанд.
Масъулони Пажӯҳишгоҳи сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон заминларзаи ахир дар ноҳияи Ванҷро як ҳодисаи табиӣ арзёбӣ кардаанд.
Масъулони Академияи илмҳои Тоҷикистон мегӯянд, бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ба манзури таҷдиди идорӣ ва сохтории ин ниҳоди илмӣ як Комиссияи вижаи давлатӣ созмон дода шудааст.
Сар аз 12-уми январ тахриби манзилҳои зист ва дигар биноҳо дар маҳаллаи Буни Ҳисорак, қисмати ғарбии шаҳри Душанбе оғоз шуд, то майдони бунёди Боғи фарҳангу истироҳати шаҳриён омода гардад.
Дар Тоҷикистон бо ташаббуси сардабирони се ҳафтанома созмони нави рӯзноманигории «Иттиҳоди нашрияҳои мустақили Тоҷикистон» таъсис ёфт.
Тибқи иттилои расмӣ, кормандони гумруки Тоҷикистон дар муддати як соли ахир дар ёздаҳ маврид аз қочоқи 783 сарвати фарҳангӣ ва таърихӣ ба хориҷи кишвар ҷилавгирӣ кардаанд.
Субҳи барвақти имрӯз маросими фурӯши саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар саросари кишвар оғоз гардид.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо интишори як фармон пули харидорони саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро таҳти ҳимояти давлат қарор дод. Ҳамчунин манбаъ ва шеваи дарёфти ин сармояҳо пажӯҳиш нахоҳанд шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳизби ҳокими халқӣ - демократро, ки раёсати онро бар дӯш дорад, пуштибони равонии бунёди нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» хонда, ин сохтмонро саҳнаи имтиҳони ифтихору нангу номуси миллати тоҷик унвон кардааст.
Анҷумани Ҳизби демократи Тоҷикистон Масъуд Собировро дубора раиси ҳизб интихоб кард ва руйхати интихоботиро иборат аз 10 нафар тасдиқ намуд.
Вазорати молияи Тоҷикистон эълом кардааст, ки саҳмияҳои «Роғун» ба маблағи 6 миллиард сомонӣ бароварда шуда ва омодаи фурӯш ҳастанд. Замони оғози фурӯши саҳмияҳо 6 январи соли 2010 таъин шудааст.
Ёфтҳои бештар