Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Амалиёти аланга”. Фирори як гумонбар аз додситонии Қайроққум


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Як сокини Гулистон (Қайроққуми собиқ) аз бинои додситонии ин шаҳр фирор кардааст.

Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳодиса баъд аз зӯҳри шанбе рух дода, амалиёти густурда барои боздошти ӯ дар Гулистону Хуҷанд ва навоҳии атрофи он ҷараён дорад. Аз ин мард Мирзо Алимов, соли таваллудаш 1967, ном бурда мешавад, ки ба таҷовуз ба номус муттаҳам будааст. Аммо мақомот расман дар ин бора иттилоъ надода ва ҷузъиёти иттиҳомоти ӯро низ шарҳ надодаанд.

Як манбаъ дар мақомоти интизомии Суғд фирори гумонбар аз бинои додситониро таъйид кард ва гуфт, амалиёти ӯ бо номи “амалиёти аланга” идома дорад. Хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақа низ гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд ва атрофи он теъдоди зиёди маъмурони пулисро мушоҳида кардааст.

Як ҳамсуҳбати мо дар маркзаи вилояти Суғд мегӯяд, “маъмурони пулис бештар мошину мусофирбарҳоеро, ки аз шаҳри Гулистону Хуҷанд берун мераванд, нигоҳ дошта, тафтиш мекунанд. Дар дасти баъзеи онҳо акси як марде ҳаст.”

Дар гузашта аз зиндонҳои шаҳри Хуҷанд чанд нафар фирор карда, баъзеи онҳо дубора боздошт ва баъзеашон дар ҷараёни амалиёти боздошт кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG