Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) гуфт, ҳизбаш натиҷаҳои расман эълоншудаи интихоботи порлумонии рӯзи 1-уми мартро, ки ба иддаои ӯ "дар давоми дувоздаҳ соат се бор иваз шуд" ва "раиси КМИР хонда дод", эътироф намекунад.
Раҳматилло Зоиров шоми 2-юми март бо нашри изҳороти расмӣ дар Фейсбук гуфт, натиҷаҳои ибтидоии интихобот "пас аз машваратҳои чандсоатӣ" эълон шуд:
"Натиҷаҳои ибтидоии интихобот аз соати дуними шаб то шаши субҳи 2-юми март дигар буд. Аз соати шашуними субҳ то 11-и рӯзи душанбе тағйир ёфт. Дар ниҳоят, соати 15, пеш аз эълони натиҷаҳо дигар шуд." Вале дар бораи рақамҳо ҷузъиёт надодааст.
Масъулони Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи дувуми март гуфтанд, Ҳизби сотсиал-демократ, ягона нирӯи мухолиф дар интихоботи порлумонӣ, 0.32 дар сад раъйи мардумро ба даст овард ва натавонист ба Маҷлиси Намояндагон роҳ ёбад.
Раҳматилло Зоиров мегӯяд, "натиҷаҳое, ки аз тарафи Бахтиёр Худоёрзода, раиси Кумисюни марказии интихобот хонда шуд, ғайриҳуқуқӣ ва тасмими сиёсиву тақаллубӣ аст".
Рӯзи якуми март ва баъди овоздиҳӣ Зоиров гуфта буд, ба шарте ки интихобот шаффофу озод ва демократӣ гузарад, намояндаҳои ҳизбаш вориди порлумон хоҳанд шуд. Ин ҳизб бо панҷ номзад вориди корзори интихобот шуда буд.
ҲСДТ аз замони сабтином шуданаш то кунун дар Маҷлиси Намояндагон вакил надоштааст. Масъулони ҳизб ҳамвора гуфтаанд, ки мақомот раъйи ҷонибдорони онҳоро "дуздидаанд". Мақомот пайваста кам будани тарафдорони ҳизбро дар кишвар далел пеш овардаанд.
Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон яке аз ҳафт ҳизби сабтиномшуда дар Тоҷикистон аст ва, ба қавли масъулонаш, беш аз 8,5 ҳазор узв дорад.
Онро соли 1998 ва замоне сабти ном карданд, ки Зоиров мушовири ҳуқуқии президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай баъди сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва аз он замон то кунун раҳбарии ин ташаккули сиёсиро ба уҳда дорад.