Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Роҳбандӣ ва сангандозӣ" дар Сомониёни Исфара, ҳаммарз бо Қирғизистон


Деҳаи Сомониён пас аз муноқишаи хунини баҳори соли 2021
Деҳаи Сомониён пас аз муноқишаи хунини баҳори соли 2021

Чанде аз сокинони деҳаи Сомониёни Исфара шоми 31-уми январ ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки гуруҳе аз бошандагони деҳаи Куктоши Қирғизистон роҳи онҳоро барои як муддат бастаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ин бора ба таври расмӣ хабар надоданд. Як манбаи боварбахш дар ҳукумати Исфара шоми 31-уми январ ҳодисаро тасдиқ кард.

Ӯ бе зикри ном ба Радиои Озодӣ гуфт: "Сокинони деҳаи Куктош роҳи 200-метрии деҳаи Сомониёни Болоро ба муҳлати тақрибан як соат бастанд. Бар замми ин, ба ҳавлии сокини деҳа, Мақсад Ҷумъаев, санг партофта, чанд тирезаашро шикастанд. Ҳоло вазъ ором аст, аммо дигарбора нигарон шуданд."

Ҳодиса пас аз чаҳор рӯзи муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат мегирад. Дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон ду нафар, аз ҷумла ронандаи мошини "Ёрии таъҷилӣ" кушта шуда, даҳ кас захм бардоштанд.

Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар ин ҳодиса 13 шаҳрванди ин кишвар осеб диданд. Ҳарду тараф якдигарро ба сар задани муноқиша гунаҳкор мекунанд.

Сабаби муноқишаву даъво ва хунрезӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон номуайн мондани беш аз 400 километр хатти марз аст.

Ду тараф дар муддати 30 сол натавонистаанд, дар ин масъала ба мувофиқа бирасанд. Ҷангу даъво ҳам асосан барои замин, роҳу об ва манобеи табиӣ сар мезанад. Ду кишвар беш аз 900 километр сарҳад доранд.

XS
SM
MD
LG