Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таниш миёни Ҳинду Покистон пас аз ҳамла ба гардишгарон дар Кашмир


Ҳукумати Ҳинд ҷониби Покистонро ба пуштибонӣ аз ҳамлаи маргбор дар Кашмир муттаҳам кард ва аз рӯи даст гирифтани чораҳои шадид зидди Исломбод хабар дод. Покистон низ ваъдаи муқобила бо ин таҳдидҳоро додааст.

Нарендра Моди, нахуствазири Ҳинд, рӯзи 24-уми апрел гуфт, "Ҳинд ҳар як террорист ва пуштибони онҳоро шиносоӣ, пайгирӣ ва ҷазо хоҳад дод. Мо онҳоро то охири дунё таъқиб хоҳем кард."

Ин аввалин суханронии умумии Нарендра Моди пас аз ҳамлаи шахсони мусаллаҳ ба сайёҳон дар Ҷому ва Кашмири Ҳинд буд.

Дар он ҳамла, ки рӯзи 22-юми апрел дар минтақаи сайёҳии Паҳалгам рух дод, 26 кас кушта шуданд ва ҳамаи онҳо ба ҷуз як нафар, шаҳрвандони Ҳиндустон буданд.

Ҳукумати Ҳинд ҳамсоя ва рақиби минтақаии худ Покистонро ба ҳимоя аз ин ҳамла муттаҳам кард ва ба ҳама шаҳрвандони Покистон дастур дод, ки то рӯзи 29-уми апрел хоки он кишварро тарк кунанд. Ин амр ба дипломатҳои боқимондаи покистонӣ дар Ҳинд рабт намегирад.

Покистон, ки ҳар гуна нақши ин кишварро дар ҳамлаи Паҳалгам рад мекунад, рӯзи панҷшанбе як нишасти амнияти миллӣ баргузор кард.

Ҳинд ҳамчунин аз таълиқ ё боздоштани қарордоди тақсими об, баста шудани гузаргоҳи аслии заминӣ ва коҳиши сатҳи робитаҳои дипломатӣ байни ду кишвар, хабар дод.

Ба навиштаи хабаргузории "Франс-Пресс", ин чораҳо бо инки то ҳадди зиёде рамзӣ ҳастанд, бархе бим доранд, ки ба тарафи даргирии низомӣ байни ин ду қудрати ҳастаӣ пеш меравад.

Покистон даст доштан дар ҳамлаи Паҳалгамро рад карда, дафтари нахуствазири ин кишвар рӯзи 24-уми апрел эълон кард, ки ҳарими ҳавоии худро ба рӯи парвозҳо аз Ҳинд бастааст. Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, ки "ба ҳар гуна таҳдид алайҳи ҳокимияти Покистон ва амнияти мардуми он", посух дода хоҳад шуд.

Ҳеч гурӯҳе ба таври расмӣ масъулияти ҳамла ба Паҳалгамро ба дӯш нагирифтааст, аммо пулиси Ҳинд се нафарро, ки ду тани онҳо покистонӣ мебошанд, ба гумони даст доштан дар ин ҳамла, таҳти пайгард қарор додааст.

Ҳинд ин се нафарро ба узвият дар "Лашкари Таййиба", гурӯҳе, ки дар Покистон қароргоҳ дорад ва аз сӯи СММ созмони террористӣ эълон шудааст, муттаҳам кард.

Дар ду рӯзи охир тазоҳурот алайҳи Покистон дар Кашмири Ҳинд барпо шуд ва рӯзи панҷшанбе ҳам эътирозгарон дар Лоҳури Покистон хашми худро алайҳи иқдоми Ҳинд дар боздоштани қарордоди об, иброз карданд.

Аз замони истиқлоли Покистон аз Ҳиндустон дар соли 1947, ҳар ду кишвар бахше аз минтақаи Кашмирро дар назорати худ доранд ва якдигарро ба "ишғолгарӣ" муттаҳам мекунанд.

Аз соли 1989 ба ин тараф гурӯҳҳои шӯришгар дар Кашмири зери назорати Ҳиндустон, бо ҳамлаҳо дар ин минтақа, хостори истиқлол ва пайвастан ба Покистон шудаанд.

XS
SM
MD
LG