Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз як рӯзи эътироз. Дар маркази Бадахшон чӣ гузашт? ВИДЕО


Хоруғ пас як рӯзи эътироз
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:58 0:00

Наворро дар инҷо бинед

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, гуруҳе аз занон рӯзи 17-уми май хостаанд, дар майдони марказии Хоруғ ҷамъ шаванд, аммо низомиён бо истифода аз гази ашковар пароканда кардаанд.

Ба сабаби он ки пас аз эътирози 16-уми май интернет дар вилояти Бадахшон дастнорас шуда, хатти телефон мушкил пайдо кардааст, гирифтани аксу навор муяссар нашуд. Мақомот чизе намегӯянд.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, 17-уми май дари аксар идораву мактабҳо баста буда, Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, дар раъси як ҳайат ба Хоруғ рафтааст. Ӯ дар нооромиҳои моҳи ноябри соли гузашта дар Роштқалъаву Хоруғ низ дар мулоқот бо мардум иштирок дошт.

“Низомиён мошинҳоеро, ки имрӯз аз Душанбе ба Хоруғ расиданд, дар назди фурудгоҳ дошта, ба дохили шаҳр роҳ надоданд,” – гуфт як ҳамсуҳбати мо дар Хоруғ, ки нахост номаш зикр шавад.

Мақомот дар Бадахшон ба зангҳои мо посух намедиҳанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17-уми май гуфт, дар эътирози як рӯз пеш дар Хоруғ як сокини маҳаллӣ кушта ва се маъмури милиса захмӣ шудаанд.

Сокинон мегӯянд, дар бархӯрди мақомот бо эътирозгарон, ки аз гази ашковару тирҳои резинӣ истифода шудааст, чандин нафар маҷруҳ шуданд, вале мақомот чизе нагуфтанд.

Ин ҳодиса пас аз он рӯй дод, ки мақомот баррасии чанд талаби сокинони норозӣ, аз ҷумла дар бораи истеъфои ду мансабдори маҳаллиро напазируфтанд.

Вазъият дар Бадахшон аз моҳи ноябри соли 2021 ба ин сӯ печида аст.

XS
SM
MD
LG