Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пас аз даъвои $30 000 "пора" ва дастдарозӣ. Подполковник барканор шуд


Шаҳло Давлатова моҳи май иддао кард, ки Дилмурод Шодизода бар ивази қатъи парвандааш 30 ҳазор доллар ситонда, як дафъа ба номусаш дастдарозӣ кард
Шаҳло Давлатова моҳи май иддао кард, ки Дилмурод Шодизода бар ивази қатъи парвандааш 30 ҳазор доллар ситонда, як дафъа ба номусаш дастдарозӣ кард

Подполковник Дилмурод Шодизодаро, ки қаблан як зан ба таҷовуз ва тамаъҷӯйӣ муттаҳам карда буд, аз мансаби сардори Раёсати тафтишоти Шуъбаи корҳои дохилии Хуҷанд рондаанд.

Як манбаи наздик ба тафтиши қазия сабаби барканории ӯро "суистифода аз вазифа" номид.

Мақомот сабаби рондани Дилмурод Шодизодаро ба таври расмӣ шарҳ надоданд. Як намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба шарти фош нашудани ном рӯзи 19-уми июн барканории афсари баландпояро тасдиқ кард, вале гуфт, "тасмим ба даъвои сокини Хуҷанд Шаҳло Давлатова рабт надорад."

"Ҳоло дар захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аст ва сарнавишти баъдияш маълум нест," -- афзуд ӯ.

Кӯшиши мо барои тамос бо Дилмурод Шодизода то ин дам натиҷа надод.

Вай рӯзи 15-уми майи имсол дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки воқеан парвандаи Шаҳло Давлатоваро таҳқиқ кардааст, аммо гирифтани 30 ҳазор доллар ва дастдарозиро ба номуси ӯ рад кард.

Шаҳло Давлатова, сокини шаҳри Хуҷанд, моҳи майи имсол иддао кард, ки Дилмурод Шодизода аз ӯ дар ивази қатъи парвандааш 30 ҳазор доллар ситонда, як дафъа ба номусаш таҷовуз намудааст.

Мақомот ин занро ба иттиҳоми муомила бо доллар моҳи ноябри соли 2022 дастгир ва чаҳор сол аз озодӣ маҳрум карданд. Иҷрои ҳукм то замони ба ҳаштсолагӣ расидани кӯдаки хурдияш ба таъхир уфтодааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 19-уми май иддаои Шаҳло Давлатоваро "комилан дурӯғ" номида, худи ӯро ба "муомилаи ғайриқонунӣ бо доллар, судхӯрӣ, соҳибкории ғайриқонунӣ ва монеъ шудан ба кори муфаттиш" муттаҳам кард.

Шаҳло Давлатова мегӯяд, ӯ аз ширкатҳои бинокорӣ дар Хуҷанд хона харида, баъд аз ороиш дубора мефурӯхт, вале ҳеч вақт бо арзи хориҷӣ додугирифт накардааст. Вай рӯзи 13-уми май бо супоридани нома ба мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Дастгоҳи иҷроияи президент, хост, "рафтори муфаттиш ва таҳқиру туҳмат дар ҷараёни тафтишот" баррасӣ шавад.

Ҳоло Оҷонси мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон ба тафтиши қазия оғоз кардааст. Як намояндаи ин ниҳод дар вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, рӯзи 31-уми май Шаҳло Давлатова ва бародарашро бо Дилмурод Шодизода рӯ ба рӯ карданд ва дар бораи додани 30 ҳазор доллар ришва ва таҷовузи ҷинсӣ пурсиданд. Ҳамсуҳбати мо ҷузъиётро нагуфт ва танҳо афзуд, "бозпурсӣ дар видео сабт шуд".

Солҳои охир шикоят аз бадрафториву суистифода аз мақом ва тамаъҷӯии афсарон ва кормандони милиса дар Тоҷикистон зиёд шудааст.

Моҳи апрели имсол волидони як наврас ва хонандаи мактаб дар ноҳияи Рашт моҳи апрели имсол иддао карда буданд, ки маъмурони милиса писарашро ба гумони дуздӣ дастгир ва маҷбур кардаанд, ки "ё ба гуноҳ эътироф кунад" ё "шимашро бикашад".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG