Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Рӯзгори муҳоҷир": Аз таҳхонае дар Украина то устохона дар Италия


Як лаҳзае аз барнома
Як лаҳзае аз барнома

Диловар Расулов аз Тоҷикистон зиёда аз як сол боз дар маркази таъмири мошинҳо дар Италия кор мекунад. Таърихи расиданаш то ба инҷо пурпечутоб аст.

Муҳоҷирати ӯ дар ҳаждаҳсолагӣ дар Русия шуруъ шуд ва сипас бо сабаби ошноӣ бо ҳамсари оянда дар Украина идома ёфт. Ба нақли қаҳрамони барнома, вай дар ин муддат дар Украина хонаву дар кард ва ба дарёфти шаҳрвандӣ омодагӣ мегирифт, вале шаби 24-уми феврали соли 2022 вазъият тағйир ёфт.

Инак, беш аз ду сол аст, ки ҷанги бедалели Русия дар хоки Украина ҷараён дорад. Ин ҷанг тақрибан 6 миллиону 300 ҳазор касро ба тарки Украина маҷбур кардааст. Баъзе аз онҳо дар Аврупо ҳамчун паноҳҷӯ сабт шуданд. Қаҳрамони мо бо ҳамсару фарзандонаш низ дар ин рӯйхат ҳаст.

Нақли пурраи Диловар Расуловро дар барнома бинед:

Аз таҳхонаи Украина то устохонаи Италия (Рӯзгори муҳоҷир #16)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:30:19 0:00

Барнома дар Ютуб:

XS
SM
MD
LG