Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии САFA (U-20): Тоҷикистон барои ҷои сеюм бо Узбекистон бозӣ мекунад


Бозии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон
Бозии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон

​​​​​​​Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бозии дувумашро дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) бо тими ҷавонони Қирғизистон бо ҳисоби 0:0 анҷом дод.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозии гурӯҳи “А” байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони Қирғизистону Тоҷикистон 9-уми июл дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон баргузор шуд.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар бозии аввали худ тими ҷавонони Афғонистонро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буданд. Ҳамакнун мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “А” ҷои дувумро гирифт, рӯзи ҷумъаи 12-уми июл бо тими Узбекистон, ки бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “В” дувум шуд, барои ҷои севум мубориза мебарад.

Дар бозии ниҳоии қаҳрамонии CAFA-2024 рӯзи 12-уми июл тимҳои мунтахаби ҷавонони Қирғизистон (ғолиби гурӯҳи “А”) ва Эрон (ғолиби гурӯҳи “В”) рақобат мекунанд.

Дар қаҳрамонии CAFA-2024 шаш дастаи мунтахаби минтақа ширкат дорад. Бар асоси натоиҷи қуръакашӣ мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо тимҳои ҷавонони Афғонистон ва Қирғизистон ба гурӯҳи «А» шомил буд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Узбекистон, Эрон ва Туркманистон мубориза бурданд.

Тибқи низомномаи мусобиқот дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯи системи даврӣ дар як марҳила бозӣ карданд. Ғолибони гурӯҳҳо дар финал рақобат хоҳанд кард. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷои дувумро гирифтанд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза мебаранд. Инчунин барои ҷои панҷум бозии тасаллобахш баргузор мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич 22 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомиланд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар қаҳрамонии CAFA-2024:

Дарвозабонҳо: Шаҳобиддин Маҳмудзода («Барқчӣ»), Муҳаммад Абдулҳадов («Панҷшер»), Зафари Баҳруллозода («Шодмон»);

Ҳимоятгарон: Баракатулло Неъматуллозода, Ҷовидон Хушвахтов, Бахтовар Ғаюров, Микдод Розиқов, Рустам Камолов, Шаҳбон Наимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Амири Фарҳод («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Юнус Исматуллоев, Меҳрубон Ҳамидов, Фирдавс Раҳимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Ҳоҷӣ Абдуманнон, Азизбек Муродов (ҳарду аз «Эсхата»), Азизбек Далиев («Хуҷанд»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Равшан»);

Ҳамлагарон: Масрур Ғафуров, Билол Бобоев, Ориёнмеҳр Холиқзода, Шерзод Раҷабов (ҳама аз «Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Милош Костич (Словения).

Қаҳрамонии CAFA-2024 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-20):

Гурӯҳи «А»:

Қирғизистон

Тоҷикистон

Афғонистон

Гурӯҳи «В»:

Узбекистон

Эрон

Туркманистон

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Қирғизистон – Афғонистон – 4:0

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

Гол: Азизбек Далиев, 43 – аз пеналти.

Даври 3-юм

ҚирғизистонТоҷикистон – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қирғизистон

2

1

1

0

4-0

4

2

Тоҷикистон

2

1

1

0

1-0

4

3

Афғонистон

2

0

0

2

0-5

0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Туркманистон – Узбекистон – 2:3

Даври 2-юм

Эрон Туркманистон – 3:0

Даври 3-юм

Узбекистон – Эрон – 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурғҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

1

1

0

4-1

4

2

Узбекистон

2

1

1

0

4-3

4

3

Туркманистон

2

0

0

2

2-6

0

Бозӣ барои ҷои 5-ум

11-уми июл (панҷшанбе)

Афғонистон – Туркманистон

Бозӣ барои ҷои сеюм

12-уми июл (ҷумъа)

Тоҷикистон - Узбекистон

Финал

12-уми июл (ҷумъа)

ҚирғизистонЭрон

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG