Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис-2024: Барномаи Бозиҳоро футболбозони Испания ва Узбекистон мекушоянд


Барномаи сеҳафтаинаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпии Порис рӯзи 24-уми июл бо бозии футбол миёни дастаҳои мунтахаби Испания ва Узбекистон ифтитоҳ меёбад.

Ба иттилои Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО), бозӣ миёни мунтахаби Испания, ноиби қаҳрамони Олимпиадаи Токио-2020 ва дастаи Узбекистон, барандаи медали нуқраи Ҷоми Осиё-2024, рӯзи 24-уми июл соати 18:00 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи "Парк де Франс" шуруъ мешавад.

Ҳамзамон, дар дигар варзишгоҳи Порис дастаҳои мунтахаби олимпии футболи Аргентина ва Марокаш ба рақобат мепардозанд. Дар рӯзи аввали мусобикот ба гайр аз футбол, бозиҳо дар риштаи регби барпо мегарданд.

Рӯзи 24-уми июл ҳеҷ яке аз варзишгарони тоҷик дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи соли 2024 ширкат намеварзад.

Аввалин қаҳрамонҳои олимпӣ рӯзи 27-уми июл дар ду намуди варзиш – ҷаҳидан ба об аз трамплин ё баландии семетрӣ миёни занон ва тирпарронй аз милтиқи пневматикй (омехта, 10 метр) - муайян карда мешаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти КБО, дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис-2024 қариб 10 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Порис, ки шоми ҷумъаи 26-уми июл шуруъ шуда, се соат идома мекунад, бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Порисро дар бар мегирад, ки дар он 3 ҳазор ҳунарпеша ва 400 раққос ҷалб мешаванд.

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохта, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис интихоб шудааст. Қарор аст, маросими пӯшидашавии Бозиҳо рӯзи 11-уми август дар варзишгоҳи «Стад де Франс» баргузор шавад.

Дар Олимпиадаи Порис Тоҷикистонро 14 варзишгар - шаш нафар дар риштаи ҷудо, се кас дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таеквондо ва гуштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда - намояндагӣ хоҳанд кард.

Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов, Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев - дар риштаи бокс; шиноварон Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов, инчунин даванда Фаворис Музрапов - дар Деҳаи олимпии Порис қарор доранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари тоҷик - Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо ва Виктор Рассадин дар намуди гуштии озод, ки сабқаташон дертар баргузор мешавад, рӯзи 31-уми июл ба Порис мераванд.

Ҷадвали оғози рақобатҳои варзишгарони тоҷик дар Олимпиадаи Париж-2024 (бо вақти Душанбе):

27-уми июл (шанбе)

Бокс. -63,5 кг. 1/16 финал. Баҳодур Усмонов, 20:00

28-уми июл (якшанбе)

Ҷудо. -66 кг. Эмомалӣ‌ Нуралӣ, 13:00

Бокс. -92 кг. 1/8 финал. Давлат Болтаев, 15:00

29-уми июл (душанбе)

Ҷудо. -73 кг. Беҳрӯзи Хоҷазода, 13:00

30-юми июл (сешанбе)

Ҷудо. - 81 кг. Сомон Маҳмадбеков, 13:00

Бокс. -57 кг. 1/16 финал. Миҷгона Самадова, 16:00

31-уми июля (чоршанбе)

Ҷудо. -90 кг. Комроншох Устопириён, 13:00

1-уми август (панҷшанбе)

Ҷудо. -100 кг. Ҷаҳонгир Маҷидов, 13:00

2-юми август (ҷумъа)

Ҷудо. +100 кг. Темур Раҳимов, 13:00

Шиноварӣ. 50 м (тарзи озод). Фахриддин Мадкамов.

3-юми август (шанбе)

Дав. 100 м. Фаворис Музрапов, 13:45

Шиноварӣ. 50 м (тарзи озод). Екатерина Бордачева, 14:00

9-уми август (ҷумъа)

Гуштии озод. -74 кг. Виктор Рассадин, 14:30

10-уми август (шанбе)

Таэквондо. +67 кг. Мунира Абдусаломова, 12:00

Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Париж-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG