Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порис-2024: Иштироки варзишгарони тоҷик дар маросими ифтитоҳи Бозиҳо


Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки шоми ҷумъаи 26-уми июл дар Пориси Фаронса баргузор мешавад, ширкат меварзад.

Маросими кушоиши Олимпиадаи Порис-2024, ки соати 22:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад, бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Порисро дар бар мегирад.

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохта, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис интихоб шудааст.

Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-юми июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса - шаҳри Порис - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 14 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Дар Олимпиадаи Порис ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дар риштаи ҷудо, се нафар дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таэквондо ва гуштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда дохиланд.

МИҶГОНА САМАДОВА

Миҷгона Самадова дар риштаи бокс дар вазни то 57 кило рақобат мекунад. Вай моҳи октябри соли 2023 дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин ба гирифтани медали биринҷӣ ноил шуд ва ва ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Порис-2024 мушарраф гардид. Дарвоқеъ, ӯ аз байни варзишгарони тоҷик аввалин шуда соҳиби роҳхати олимпӣ гаштааст.

Миҷгона Самадова рӯзи 30 -уми июл соати 16:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 57 кило миёни занон баргузор мекунад.

ДАВЛАТ БОЛТАЕВ

Муштзани тоҷик Давлат Болтаев моҳи октябри соли 2023 дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоу дар вазни то 92 кило медали тилло ба даст овард ва дувумин шуда аз миёни варзишгарони тоҷик соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Порис-2024 гардид.

Давлат Болтаев рӯзи 28-уми июл соати 15:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 92 кило баргузор мекунад.

БАҲОДУР УСМОНОВ

Баҳодур Усмонов бори дувум аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Ин муштзани тоҷик моҳи марти соли равон дар даври чаҳорякниҳоии аввалин мусобиқаи интихобии Бозиҳои олимпӣ дар Италия дар риштаи бокс дар вазни то 63,5 кило муқобили рақибаш Нишияма Шиони ҷопонӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуда, роҳхати олимпиро ба даст овард.

Баҳодур Усмонов рӯзи 27-уми июл соати 20:00 ба вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 63,5 кило баргузор мекунад.

МУНИРА АБДУСАЛОМОВА

Мунира Абдусаломова ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи таеквондо дар Олимпиадаи Порис-2024 аст. Ӯ дар вазни беш аз 67 кило моҳи марти соли ҷорӣ дар мусобиқаи интихобӣ дар Чин муқобили намояндагони Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Қазоқистон пирӯз шуда, ба финал баромад ва соҳиби роҳхати олимпӣ гардид.

Мунира Абдусаломова рӯзи 10-уми август соати 12:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни +67 кило баргузор мекунад.

ВИКТОР РАССАДИН

Виктор Рассадин ягона намояндаи Тоҷикистон аз риштаи гуштии озод дар Олимпиадаи Порис-2024 аст. Вай моҳи майи имсол дар мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар Туркия роҳхати олимпиро дар риштаи гуштии озод дар вазни то 74 кило ба даст овард.

Виктор Рассадин дар набарди ҳалкунанда намояндаи Албания Чермен Валиевро шикаст дод.

Виктор Рассадин, зодаи Ёқутистони Русия, соли гузашта шаҳрвандии Тоҷикистонро пазируфт ва аз UWW (Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ) иҷозаи расмӣ гирифт, то дар ҳайати тими мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ҷаҳон ва Олимпиадаи соли 2024 ширкат кунад.

Виктор Рассадин рӯзи 9-уми август соати 14:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 74 кило баргузор мекунад.

ЭМОМАЛӢ НУРАЛӢ

Эмомалӣ Нуралӣ дар риштаи ҷудо дар вазни то 66 кило муаррифгари Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Порис-2024 маҳсуб мешавад. Вай қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон (Эквадор – 2022), ғолиби Tashkent Grand Slam (2023, 2024) , барандаи нишони нуқраи Antalya Grand Slam 2024 мебошад.

Охирин медале, ки Эмомалӣ дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дошт, ин моҳи марти имсол дар мусобиқаи Antalya Grand Slam 2024 дар Туркия буд.

Эмомалӣ Нуралӣ рӯзи 28-уми июл соати 13:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 66 кило баргузор мекунад.

БЕҲРӮЗИ ХОҶАЗОДА

Беҳрӯзи Хоҷазода намояндаи Тоҷикистон аз риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило дар Олимпиадаи Порис-2024 аст. Вай охирин дастовардро дар мусобиқаҳои "Сайри ҷаҳонии ҷудо" дар мусобиқаи Dushanbe Grand Slam 2024 ба даст оварда буд. Дар финали мусобиқаи мазкур Беҳрӯз аз Нилс Стампи швейтсарӣ ноком шуда, барандаи нишони нуқра гардидааст.

Ҳамчунин, Беҳрӯз Хоҷазода дар Бозиҳои Осиёии Ҳангжоу-2022 соҳиби нишони биринҷӣ гардидааст. Дар мусобиқаи "Ситораҳои ҷудои ҷаҳон" дувумин ҷудокори тоҷик гардид, ки соҳиби нишони нуқра шудааст.

Беҳрӯзи Хоҷазода рӯзи 29-уми июл соати 13:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 73 кило баргузор мекунад.

СОМОН МАҲМАДБЕКОВ

Сомон Маҳмадбеков бори дувум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Ин паҳлавони тоҷик дар вазни то 81 кило дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 мубориза мебарад. Соли 2024 ӯ ба дастовардҳои бузург ноил гарид. Дар остонаи Бозиҳои олимпии Порис-2024 Сомон дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ медали биринҷӣ ба даст овард. Вай пас аз 17 сол дар таърихи ҷудои тоҷик дастоварди Расул Боқиевро дар қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон такрор кард.

Сомон Маҳмадбеков рӯзи 30-юми июл соати 13:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 81 кило баргузор мекунад.

КОМРОНШОҲИ УСТОПИРИЁН

Комроншоҳи Устопириён бори севум Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ муаррифӣ мекунад. Ӯ дар Олимпиадаи Порис-2024 дар риштаи ҷудо дар вазни то 90 кило ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Вай аз зумраи серҷоизатарин варзишгарони тоҷик буда, дукарат қаҳрамони Осиё, барандаи медали нуқраи “Judo Grand Slam Abu Dhabi-2021”, чоркарат қаҳрамони “IJF Grand Prix”, дорандаи нишони биринҷии Бозиҳои осиёии Ҷакарта-2018 мебошад.

Комроншоҳи Устопириён рӯзи 31-уми август соати 13:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 90 кило баргузор мекунад.

ҶАҲОНГИР МАҶИДОВ

Ҷаҳонгир Маҷидов намояндаи Тоҷикистон аз риштаи ҷудо зери вазни то 100 кило дар Олимпиадаи Порис-2024 мебошад. Ин паҳлавони тоҷик тариқи квота (Continental quota) роҳхати олимпиро ба даст овард.

Ҷаҳонгир Маҷидов давоми чанд моҳи охир барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷудои Осиё ва Dushanbe Grand Slam 2024 шуда, мақоми ҳафтуми рақобатҳои қаҳрамонии ҷудои ҷаҳонро соҳиб шудааст.

Ҷаҳонгир Маҷидов рӯзи 1-уми август соати 13:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни то 100 кило баргузор мекунад.

ТЕМУР РАҲИМОВ

Темур Раҳимов бори дувум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад. Вай дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ дар Порис парчами давлатии Тоҷикистонро хоҳад бардошт.

Ӯ ҳамчун ҷудокори пешсафи ҷаҳон миёни сангинвазнҳо (+100 кг) роҳхати Бозиҳои олимпии Порис-2024-ро соҳиб шуд. Раҳимов барандаи ду медали нуқра ва як нишони биринҷии қаҳрамонии Осиё, ғолиби “Judo Grand Slam Baku-2022”, дорандаи ду медали нуқраи мусобиқати ҷудо миёни устодон мебошад.

Темур Раҳимов рӯзи 2-юми август соати 13:00 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар вазни беш аз 100 кило баргузор мекунад.

ФАВОРИС МУЗРАПОВ

Фаворис Музрапов ягона намояндаи Тоҷикистон аз варзиши сабук дар Олимпиадаи Порис -2024 аст. Вай тариқи квота роҳхати олимпиро ба даст овардааст. Музрапов иштироккунандаи қаҳрамонии ҷаҳон-2023 ва Бозиҳои осиёии Ҳангжоу-2022 мебошад.

Фаворис Музрапов рӯзи 3-юми август соати 13:40 бо вақти Душанбе аввалин рақобаташро дар Бозиҳои олимпии Порис-2024 дар давидан ба масофаи 100 метр баргузор мекунад.

ЕКАТЕРИНА БОРДАЧЁВА

Екатерина Бордачёва намояндаи Тоҷикистон аз риштаи шиноварӣ дар Бозиҳои олимпии Порис -2024 мебошад.Вай тариқи квота роҳхати олимпиро соҳиб шуда, дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон рӯзи 3-юми август ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

ФАХРИДДИН МАДКАМОВ

Фахриддин Мадкамов намояндаи Тоҷикистон аз риштаи шиноварӣ дар Бозиҳои олимпии Порис -2024 аст. Ӯ тариқи квота роҳхати олимпиро соҳиб шуда, дар шиноварии тарзи озод ба масофаи 100 метр миёни мардон рӯзи 2-юми август вориди рақобат мешавад.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис-2024 қариб 10 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов, Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев - дар риштаи бокс; шиноварон Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов, инчунин даванда Фаворис Музрапов - дар Деҳаи олимпии Порис қарор доранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари тоҷик - Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо ва Виктор Рассадин дар намуди гуштии озод, ки сабқаташон дертар баргузор мешавад, рӯзи 31-уми июл ба Порис мераванд.

Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат варзида, чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG