Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Бозиҳои олимпӣ муайян шуданд


Бар асоси қуръакашии мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки 25-уми июл дар пойтахти Фаронса - шаҳри Порис - доир гардид, рақибони варзишгарони тоҷик муайян шуданд.  

Дар мусобиқоти ҷудо аз рӯи барномаи Бозиҳои олимпӣ дар Порис 378 варзишгар (192 мард ва 186 зан) аз 122 кишвари панҷ қитъаи олам номнавис шудаанд.

Қуръакашӣ аз рӯи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) сурат гирифт. Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Порис дар риштаи ҷудо шаш варзишгар – Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) - дар сабқати мардон муаррифӣ мекунанд.

Эмомалии Нуралӣ дар вазни то 66 кило дар даври аввал озод буда, дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Баруч Шмаилови исроилӣ ва Абдураҳмон Боушитаи марокашӣ вориди рақобат мешавад. Ин рақобат 28-уми июл доир мегардад. Агар Эмомалӣ ғолиб ояд, аз эҳтимол дур нест, ки дар даври севум рақибаш қаҳрамони олимпӣ Ҳифуми Абеи ҷопонӣ гардад

Беҳрӯзи Хоҷазода дар вазни то 73 кило дар даври аввал 29-уми июл бо Артур Маргелидон аз Канада рақобат мекунад. Дар сурати ду пирӯзӣ Беҳрӯз дар даври баъдӣ бо қаҳрамони ҷаҳон Ҳидоят Ҳайдарови озарӣ нерӯсанҷӣ хоҳад кард.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дувум 30-юми июл бо Фарес Бадавии фаластинӣ қувваозмоӣ мекунад. Дар сурати роҳ ёфтан ба даври баъдӣ Сомон бо қаҳрамони дукаратаи ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ рӯ ба рӯ мешавад.

Комроншоҳи Устопириён дар вазни то 90 кило 31-уми июл дар даври аввал бо Тристани Мосахлишвили аз Испания нерӯсанҷӣ мекунад. Дар сурати пирӯзӣ Устопириён дар даври баъдӣ бо ғолиби ҷуфти Эрлан Шеров (Қирғизистон) ва Иван Фелипе Силва Моралес (Куба) рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило 1-уми август дар даври аввал бо Аурелиен Диессеи фаронсавӣ қувваозмоӣ мекунад. Дар сурати роҳ ёфтан ба даври баъдӣ Маҷидов бо ғолиби ҷуфти Гончигсурен Батхуяг (Муғулистон) ва Петер Палчик (Исроил) вориди рақобат мешавад.

Темур Раҳимов дар вазни +100 кило, ки дар даври аввал озод аст, 2-юми август дар даври дувум бо ғолиби ҷуфти Эрик Абрамов (Олмон) ва Одхуу Тсетсентсенгело (Муғулистон) қувва меозмояд. Агар Темур дастболо шавад, дар даври баъдӣ рақибаш Алишер Юсупови узбекистонӣ ё ғолиби ҷуфти Герард Такаява (IJF) ва Мариус Физел (Словакия) мегардад.

Темур Раҳимов, паҳлавони шинохта, парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Порис интихоб шудааст.

Ҳайати варзишии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки дар Порис 26-уми июл соати 22:30 бо вақти Душанбе оғоз меёбад, иштирок мкунад.

Маросими кушоиши Бозиҳои тобистонаи олимпӣ бори аввал берун аз варзишгоҳ, атрофи манораи Эйфел ва паради ҳайатҳо тариқи қайиқ қад-қади дарёи Сена доир мегардад. Масири шашкилометрии парад намоишҳои фарҳангӣ ва манзараҳои ёдгориҳои Порисро дар бар мегирад.

Дар Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ, ки аз 26-юми июл то 11-уми август дар пойтахти Фаронса - шаҳри Порис - баргузор мешавад, Тоҷикистонро 14 варзишгар намояндагӣ мекунад.

Дар Олимпиадаи Порис ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон шаш варзишгар дар риштаи ҷудо, се нафар дар намуди бокс, якнафарӣ дар риштаҳои таэквондо ва гуштии озод, инчунин ду шиновар ва як даванда дохиланд.

Дар мусобиқот аз рӯи барномаи Олимпиадаи Порис-2024 қариб 10 ҳазор варзишгар аз 200 кишвари ҷаҳон ширкат хоҳад кард. Дар маҷмӯъ, варзишгарон барои 329 маҷмӯи медалҳо аз рӯи 32 намуди варзиш мубориза мебаранд.

Дар ҳамин ҳол дувоздаҳ варзишгари тоҷик - Эмомалӣ Нуралӣ, Беҳрӯзи Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков, Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов ва Темур Раҳимов - дар риштаи ҷудо; Баҳодур Усмонов, Миҷгона Самадова ва Давлат Болтаев - дар риштаи бокс; шиноварон Екатерина Бордачева ва Фахриддин Мадкамов, инчунин даванда Фаворис Музрапов - дар Деҳаи олимпии Порис қарор доранд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ду варзишгари тоҷик - Мунира Абдусаломова дар риштаи таэквондо ва Виктор Рассадин дар намуди гуштии озод, ки сабқаташон дертар баргузор мешавад, рӯзи 31-уми июл ба Порис мераванд.

Дар асоси муқаррароти низомномаи Ҷоизаи президенти Тоҷикистон варзишгароне, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали тилло мегиранд, ба маблағи 300 000 сомонӣ мукофотонида мешаванд. Барои медали нуқраи олимпӣ ҷоизаи молӣ ба маблағи 250 000 сомонӣ ва барои медали биринҷӣ 200 000 сомонӣ муқаррар шудааст.

Ҳамчунин бо қарори раиси шаҳри Душанбе ба онҳое, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 барандагони медали тилло мешаванд, манзили сеҳуҷрагӣ, медали нуқра - дуҳуҷрагӣ ва медали биринҷӣ манзили якҳуҷрагӣ тақдим мегардад.

Дар зимн, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат варзида, чор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардаанд. Аммо дар Олимпиадаи Токио-2020 варзишгарони тоҷик натавонистанд медал бигиранд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG