Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихобот буд, ё таъйинот?


Онгуна ки интизор мерафт, интихоботи Порлумони Тоҷикистон бо пирузии ҳизби ҳокими Халқӣ демократӣ анҷом ёфт. Ин ҳизб аз 63 курсии Маҷлиси намояндагон 49 курсиро ба даст овард.

Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот, 7 курсиро соҳиб шуд. Аз Ҳизби демократӣ ва ҳизби сосиалистӣ як вакилӣ ба порлумон роҳ ёфтанд вале Ҳизби Комунист имсол пушти дар монд ва сабабаш ҳам маълум нест.

Суол ин аст, ки воқеан ин маърака интихобот буд ва ё ба қавли мухолифони ҳукумат саҳнасозӣ. Ё мардум вакилонашро интихоб кард ё ҳукумат? Кадом?

Дар барномаи Гапи озод ин дафъа ва дар ҳамин бора Сайфулло Сафаров, устоди донишгоҳ, сиёсатмадор ва Муҳидди Кабирӣ, раиси Паймони Миллии Тоҷикистон, як созмони мухолифи давлат баҳс мекунанд.

Интихобот буд, ё таъйинот?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:35:00 0:00

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG