Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии САFA (U-20): Эрон ғолиб шуд, Тоҷикистон бе медал монд


Лаҳзае аз бозии тимҳои Тоҷикистон ва Узбекистон
Лаҳзае аз бозии тимҳои Тоҷикистон ва Узбекистон

Мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки рӯзҳои 5-12-уми июл дар шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир шуд, бо пирӯзии тими мунтахаби ҷавонони Эрон (U-20) хотима ёфт.

Дар қаҳрамонии CAFA-2024 шаш дастаи мунтахаби ҷавонони кишварҳои минтақа ширкат кард. Мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон бо тимҳои ҷавонони Афғонистон ва Қирғизистон ба гурӯҳи «А» шомил буд. Дар гурӯҳи «В» дастаҳои ҷавонони то 20-солаи Узбекистон, Эрон ва Туркманистон мубориза бурданд.

Дар бозии ниҳоӣ, ки 12-уми июл дар варзишгоҳи «Қурмонбек»-и шаҳри Ҷалолободи Қирғизистон доир гардид, тими мунтахаби ҷавонони Эрон (ғолиби гурӯҳи “В”) ба дастаи Қирғизистон (ғолиби гурӯҳи “А”) бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд.

Ризо Ғандӣ дар охири нимаи аввали дидор аз пеналти ё ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро кушод. Ин ҳамлагари ҷавони эронӣ дар нимаи дувуми бозӣ ду голи дигар зада, хет-трик кард.

Дар бозӣ барои ҷойи севум мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ки бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “А” ҷои дувумро гирифт, рӯзи ҷумъа дар варзишгоҳи “Қурмонбек”-и Ҷалолобод бо тими Узбекистон, ки бо 4 имтиёз дар гурӯҳи “В” дувум шуд, барои медалҳои биринҷӣ мубориза бурд.

Бозӣ бо пирӯзии мунтахаби ҷавонони Узбекистон бо ҳисоби 3:0 ба поён расид. Голҳоро Беҳрӯз Абдуллоев (дақиқаи 3-юм), Беҳрӯз Шукруллоев (55) ва Шодиёр Шодибоев (62) ба самар расониданд.

Ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси словенӣ Милош Костич дар ин мусобиқа ҷои чаҳорумро касб карда, аз медал бенасиб монд.

Дар қаҳрамонии CAFA-2024 ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) 22 бозигар – 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар шомил буданд.

Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20):

Дарвозабонҳо: Шаҳобиддин Маҳмудзода («Барқчӣ»), Муҳаммад Абдулҳадов («Панҷшер»), Зафари Баҳруллозода («Шодмон»);

Ҳимоятгарон: Баракатулло Неъматуллозода, Ҷовидон Хушвахтов, Бахтовар Ғаюров, Микдод Розиқов, Рустам Камолов, Шаҳбон Наимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Амири Фарҳод («Истаравшан»);

Нимҳимоятгарон: Абубакр Сулаймонов, Юнус Исматуллоев, Меҳрубон Ҳамидов, Фирдавс Раҳимов (ҳама аз «Барқчӣ»), Ҳоҷӣ Абдуманнон, Азизбек Муродов (ҳарду аз «Эсхата»), Азизбек Далиев («Хуҷанд»), Муҳаммад Муҳаммадзода («Равшан»);

Ҳамлагарон: Масрур Ғафуров, Билол Бобоев, Ориёнмеҳр Холиқзода, Шерзод Раҷабов (ҳама аз «Барқчӣ»).

Сармураббӣ – Милош Костич (Словения).

Қаҳрамонии CAFA-2024

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

Қирғизистон – Афғонистон – 4:0

Даври 2-юм

Тоҷикистон – Афғонистон – 1:0

Гол: Азизбек Далиев, 43 – аз пеналти.

Даври 3-юм

ҚирғизистонТоҷикистон – 0:0

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи “А”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Қирғизистон

2

1

1

0

4-0

4

2

Тоҷикистон

2

1

1

0

1-0

4

3

Афғонистон

2

0

0

2

0-5

0

Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Туркманистон – Узбекистон – 2:3

Даври 2-юм

Эрон Туркманистон – 3:0

Даври 3-юм

Узбекистон – Эрон – 1:1

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурғҳи “В”

Ҷ

ДАСТАҲО

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1

Эрон

2

1

1

0

4-1

4

2

Узбекистон

2

1

1

0

4-3

4

3

Туркманистон

2

0

0

2

2-6

0

Бозӣ барои ҷои 5-ум

11-уми июл (панҷшанбе)

Афғонистон – Туркманистон – 1:1 (силсилаи пеналти – 8:7)

Бозӣ барои ҷои 3-юм

12-уми июл (ҷумъа)

Тоҷикистон – Узбекистон – 0:3

Финал

12-уми июл (ҷумъа)

Қирғизистон – Эрон – 0:3

Ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии CАFA-2024 барои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) як навъ санҷише буд пеш аз марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025.

Футболбозони ҷавони тоҷик дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дар гурӯҳи «Е» бо тимҳои Умон, Малайзия, Шри-Ланка ва Кореяи Шимолӣ бозӣ мекунанд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 21-ум то 29-уми сентябри имсол дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешаванд.

Тибқи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ даҳ дастаи ғолиби гурӯҳҳо ва панҷ дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 роҳхат мегиранд.

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2025 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-сола аз 6-ум то 23-юми феврали соли оянда дар Чин барпо мегардад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG