Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё адолати иҷтимоӣ вуҷуд дорад?


Сар аз соли 2009, рӯзи 20-уми феврал дар саросари ҷаҳон ба унвони рӯзи байналмилалии «Адолати иҷтимоӣ» таҷлил мешавад.

Ҳадафи СММ аз эълон намудани рӯзи байналмилалии адолати иҷтимоӣ, расидагӣ ба мушкилоти қишри қашшоқи ҷомеа аст, ки имконоти ин гурӯҳи мардум ба манобеи аслии зиндагӣ ва рушд хеле маҳдуд аст. Зеро дар аксари ҷомеаҳо як гурӯҳи кӯчак дар ҳама бахшҳо аз имконоте бархӯрдоранд ва дар зимн тафовут ва ё фосилаи бузурге миёни қишри нодор эҷод шудааст.

Намое аз хиёбонҳои Душанбе
Ба қавли таҳлилгарон, Тоҷикистон низ аз шумули кишварҳоест, ки ин фосила миёни вазъи иҷтимоии ду синфи қашшоқу сарватманд бузург аст ва маҳз имконоти фаровони дастрасии як гурӯҳ ба манобеи муҳими зиндагӣ, дасти гурӯҳи дигарро кӯтоҳтар кардааст.

Ба гуфтаи онҳо, ҳамчунин фасоди молии густарда ва ришват дар мақомоти мухталиф мисли садди бузурги Чин дар миёни ду қишри сарватманду нодор бунёд шудааст, ки якеро аз дигаре дар ҳоли дур андохтан аст.

Аммо мардуми нодор ва қишри поин аз хатти фақр ҳеҷ гоҳ мубориза барои дарёфти ҳаққи худ ва адолати иҷтимоиро канор нагузоштааст. Ҳарчанд дар аксари маврид ин талошҳои ҷудогона номуваффақ анҷом мегирад. Навори радиои «Озодӣ» аз қиссаи талошҳои як гурӯҳ мардуми Душанбе шурӯъ мешавад, ки барои аз даст надодани сарпаноҳ ва ё манзили зист дари чандин ниҳоди давлативу байналмилалиро кӯфтаанд:

Оё адолати иҷтимоӣ вуҷуд дорад?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:56 0:00
XS
SM
MD
LG