Хадамоти назорат ва танзими соҳаи алоқаи Тоҷикистон аз эҳтимоли дар рӯзҳои наздик муфлис эълон шудани ду ширкати мобилии кишвар – «М-Теко» ва «Телеком Инк», ё «Скайтел» иттилоъ медиҳад.
Оҷонси назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон вазорати маорифи кишварро фасодзадатарин ниҳоди ҳукуматӣ унвон кард. Фаттоҳ Саидов, раиси ин ниҳод, ба хабарнигорон гуфт, тайи ним соли равон дар вазорати маориф 36 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон бар пояи шикояти сокинони Душанбе ба тафтиши наворфурӯшиҳои бархе аз бозорҳои шаҳр шурӯъ кардааст. Хайриддин Зайниддинов, мудири кулли корхонаи «Тоҷиккино» мегӯяд, ин тафтиш дар тамоми бозорҳои пойтахт доир мешавад.
Ҳукумати Тоҷикистон барои раҳоӣ аз бунбасти нақлиётӣ қисмати тоҷикистонии роҳи оҳани Қошғар-Душанбе-Ҳиротро мавриди баррасӣ қарор додааст. Интизор меравад, ин роҳи оҳан аз сӯи як ширкати роҳсози чинӣ сохта шавад.
Кумисиюни марказии интихоботи Афғонистон як теъдоди довталабон ба номзадии курсии парлумони ин кишварро аз ҳаққи ширкат дар рақобатҳо маҳрум кардааст. Онҳо аксаран ҷангсолори собиқ ва гумонбар дар ҳамкорӣ бо Толибону истихбороти хориҷӣ мебошанд.
Ширкати "Тоҷикэйр" мегӯяд, ки фаъолиятҳои худро баъди ихлоле, ки ахиран дар кори ин ширкат пеш омада буд, пурра роҳнадозӣ кардааст. Ин дар ҳолест, ки сару садоҳо дар бораи шиддати рақобати миёни ин ширкат ва ширкати хусусии "Сомон эйр" бештар шудааст.
Бино ба иттилои вазорати корҳои дохилӣ, дар ноҳияи Истаравшан шахсе боздошт шудааст, ки гуфта мешавад, узви Ал-Қоида ва шаҳрванди Узбакистон мебошад. Қаблан низ чанд тан дар Тоҷикистон ба гумони ҳамкорӣ бо Ал-Қоида боздошт шудаанд.
Агар дар гузашта нашрияҳои Тоҷикистон ҷуръат надоштанд, ки дар бораи аҳли оилаи раисҷумҳур матлабе нашр кунанд ва ё вазиру вазоратеро мавриди танқиди шадид қарор диҳанд, ҳоло ин мавзӯъҳо барои онҳо қариб маъмулӣ шудааст.
Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон аз мушкили дарёфти визаи Тоҷикистон тавассути сафорати ин кишвар дар шаҳри Кобул шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳамзамон бо ин дар атрофи сафорати Тоҷикистон "бозори сиёҳ" фаъол аст ва дар он визаро ба осонӣ метавон харидорӣ кард.
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон зимни як нишасти хабарӣ гуфт, дар тамоми навоҳиву вилоятҳои кишвар гурӯҳҳои кории додситонӣ таъсис шудааст, ки бо баррасии мавридҳои ғайриқонунӣ аз худ шудани заминҳои корам машғул хоҳанд шуд. Ӯ мегӯяд, гурӯҳҳои махсусе пайдо шудааст, ки ба тиҷорати замин машғуланд.
Бо фаро расидани мавсими қабул ба мактабҳои олии Тоҷикистон баҳси бидуни ришва метавон донишҷӯ шуд ё не, доғ шудааст. Аммо вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки барои "бачаҳои босавод" ҷой дар донишгоҳҳо пайдо мекунад.
Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон рӯзнома нашр намешавад ва шабакаҳои телевизиониву радиоӣ дар пахши хабарҳои оҷил кундӣ мекунанд, амри маъруфи руҳониён ва сӯҳбатҳо дар намозҳои ҷумъа ба манбаи иттилоъ барои қишре аз ҷомеа табдил ёфтааст.
Ду нафар аз размандагони собиқ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик иддао доранд, ки кормандони Вазорити умури дохилии Тоҷикистон онҳоро беасос боздошт ва шиканҷа кардаанд.
Таҷлил аз ҷашни Ваҳдати миллӣ, ширкат накардани мухолифини собиқ дар он, муносибати Тоҷикистон бо Русия ва Узбакистон, аудити Талко ва коршарикони он ва пайомади афзоиши қиммати маводи сӯхт барои Тоҷикистон аз мавзӯъҳои аслии матбуоти ин ҳафтаи Тоҷикистон мебошад.
Валиҷон Азизов, ҳунарманди ҷавон ва шинохтаи тоҷик, пас аз пароканда шудани гурӯҳи ҳунарии «Эҳсон» ба сифати ҳунарманди соҳибсабки эстрада муаррифӣ шуд.
Меҳмони навбатии "Ситораборон"-и Озодӣ овозхони номии тоҷик Фахриддини Малик аст, ки ӯро аз поягузорони «сабки муинӣ» - услуби хондани овозхони маъруфи эронӣ Муин меҳисобанд.
Ҳаводиси Қирғизистон, ба назари коршиносони тоҷик, ба куллӣ манзараи сиёсии минтақаро тағйир дод ва мардум бори дигар ба чунин хулоса расиданд, ки тариқи силоҳу эътирозҳо наметавонанд зиндагии худро беҳбуд бахшанд.
«Оғози ҷанги обӣ», «Қирғизистон дар мегирад», «Афғонистони дуввум», «Аудити шубҳаовари «Барқи тоҷик», «Ба Медведев нома менависам», «Як соли террор бар Тоҷикистон», унвони аслии сармақолаҳои ҳафтаномаҳои имрӯзи чопи Душанбе мебошанд.
Меҳмони навбатии "Ситораборон"-и Озодӣ ҳунарманди шинохтаи мусиқии попи тоҷик Шабнами Сурайёст, ки шӯҳраташ марзҳои Тоҷикистонро убур карда, дар Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон мухлиси зиёд дорад.
Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик” натиҷаҳои ду тафтиши мустақили фаъолиятҳои молии ин ширкатро нашр кардааст, ки дар онҳо намунаҳое аз номутобиқатии ҳисоботи молии ширкат зикр шудааст.
Ёфтҳои бештар