Дар як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе аз густариши пахши барномаҳои расонаҳои кишварҳои ҳамсоя дар қаламрави Тоҷикистон изҳори нигаронӣ шудааст.
Намояндагони Иттиҳоди Аврупо аз беҳбуд наёфтани фазои интихоботӣ дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардаанд.
Бо он ки фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ аст, аммо хабарҳо хокист, ки пайравони он дар зиндонҳо ҳоли густариш будааст.
Сӯҳбат бо бархе аз ҷавонон ва наврасон собит кард, ки онон аз Рӯзи Рӯдакӣ ва шарҳи ҳол ва осори ин шоири саршинос шинохти комиле надоранд.
Имрӯз, 21-уми сентябр, мусулмонони Тоҷикистон пас аз як моҳи рӯзадорӣ ва тоату ибодат Иди Рамазон ё Фитрро таҷлил мекунанд.
Шӯрои уламои Тоҷикистон аз сокинони кишвар даъват ба амал овардааст, ки дар ивази пули садақаи иди Фитр ба афроди камбизоат чароғи каммасраф туҳфа кунанд.
Пайвастани Тоҷикистон ба Конвенсиюни байналмилалии Кейптаун роҳро барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба арсаи ҳавонавардии ин кишвар ҳамвор хоҳад кард.
Миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди байналмиллалии нақлиётӣ дар заминаи имконоти тронзитии ин кишвар як санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Бонки Ҷаҳонӣ аз таҳияи Стратегияи нави кумак ба Тоҷикистон барои солҳои 2010 то 2012 ба манзури коҳиши сатҳи камбизоатӣ хабар додааст.
Додхоҳии даҳ нафар сокинони деҳаи Заркамари Файзобод аз Додситонии кулли кишвар дар мавриди тахриби як манзил дар ин деҳа бенатиҷа анҷом ёфт.
Сафорати Афғонистон дар Душанбе солрӯзи шаҳодати Аҳмадшоҳи Масъуд, фармондеҳи Эътилофи Шимоли Афғонистон, ёдоварӣ кард.
Ҳашт соли пеш даҳшатафканон бо ҳавопаймоҳои рабудшуда ба Амрико ҳамла карданд, ки дар паи он низоми ҷаҳонӣ ва сиесатҳои байналмилалӣ тағйир кард.