Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷӯйро хушк кунед". Дархости ёрӣ барои пайдо кардани ҷасади наврас


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Бохтар ва наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода се рӯз боз ҷасади як навраси ғарқшударо ҷустуҷӯ доранд. Алихон Исмоилов хонандаи синфи 9 ҳамроҳ бо як ноболиғи дигар рӯзи 14-уми июл ҳангоми оббозӣ дар канали Бибихонум ғарқ шудаанд.

Ҷасади Фирӯз Шарипов, яке аз ду навраси ғарқшударо дар рӯзи ҳодиса пайдо карданд, вале бо гузашти се рӯз сокинону наҷотбахшон наметавонанд ҷасади навраси дуюмро пайдо кунанд. Онҳо дар наворе бо муроҷиат ба мақомот хостори бастани оби ҷӯйи калон (канал) ва хушк кардани он шудаанд, то дарёфти ҷасал осон шавад.

Аз оғози тобистон дар вилояти Хатлон ҳудуди 20 нафар ҳангоми шиноварӣ ғарқ шудаанд. Мақомот мегӯяд, бо шурӯи мавсими гармо дар назди кулу дарёҳои кишвар рейду навбатдорӣ ташкил карда, барои сокинон хатарҳои шиноварӣ дар ҷойҳои мамнӯъ ва риояи қоидаҳои оббозиро мефаҳмонанд. Аммо бархе аз сокинон аз набуди ҳавзҳои дастрасу шароити мусоид барои шиноварӣ шикоят мекунанд, ки ба гуфтаи онҳо сабаби рафтани наврасону ҷавонон ба маконҳои хатарзо хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG